Тоҷикистон аз мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнати дар ҳудуди Русия гуфт

© Foto / Миграционная служба МВД РоссииЗаседание рабочей группы по вопросам реализации Соглашения между Правительствами РФ и Республики Таджикистан об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории России
Заседание рабочей группы по вопросам реализации Соглашения между Правительствами РФ и Республики Таджикистан об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2025
Обуна шудан
Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия дар Сочӣ дар бораи баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Масъалаи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Русия дар шаҳри Сочи дар ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи корӣ оид ба ҳамин масъала баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин вазорат дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо дар ин ҷаласа аз ҷумла ҷараёни амалисозии Созишномаи мазкурро муҳокима намуда, ба масъалаҳои ташкили муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия таваҷҷуҳ карданд.
Инчунин, дар ҷаласа масъалаи гузаронидани имтиҳони мукаммали донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки гузарониани чунин имтиҳонҳо ба мутобиқшавии шаҳрвандон ба муҳити иҷтимоиву ҳуқуқии Русия мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо инчунин зарурати таъсиси пойгоҳи таълимиро дар ҳудуди Тоҷикистон барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии Русия таъкид намуданд.
Тоҷикистон ва Томск дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2025
Тоҷикистон ва Томск дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳамзамон фаъолияти намояндагии ФГУП "ПВС ВКД Русия" дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.
“Масъалаҳои беҳтарсозии ҳамкорӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд”, - зикр кардааст вазорат.
Ҷониби Русия дар ҷаласа абзорҳои нави рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират муаррифӣ кард.
Қайд карда шуд, ки ин абзорҳо метавонанд раванди бақайдгирӣ ва хизматрасонии марбут ба муҳоҷиратро осонтар созанд.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳудуди Русия ишора кард ва зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли амалии онҳо таъкид карданд.
Зикр карда шудааст, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, такмили механизмҳои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро зикр карданд.
Лентаи хабарҳо
0