https://sputnik.tj/20250919/dushanbe-islomobod-taqviyat-hamkoriho-gidroenergeta-kishovarzi-1071324267.html
Талоши Тоҷикистону Покистон барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергета ва кишоварзӣ
Талоши Тоҷикистону Покистон барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергета ва кишоварзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои нав баррасӣ шуд
2025-09-19T14:31+0500
2025-09-19T14:31+0500
2025-09-19T14:31+0500
дар тоҷикистон
покистон
ҳамкорӣ
равобит
энергетика
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071323552_0:680:1407:1471_1920x0_80_0_0_a21b5fccc0e063b51ccb931af3e802ac.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, Сардор Ясир Иляс Хон баррасӣ шуд.Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин дидор дар ҳошияи Форуми сармоягузории сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҷониби Тоҷикистон дар ин дидор қайд кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои навро баррасӣ карданд.Тарафҳо ба зарурати истифодаи имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика таъкид карданд.Нуриддинзода Аҳлиддин қайд кард, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак эҷод мекунанд.Дар ҳамин ҳол, Сардор Ясир Иляс Хон омодагии худро барои мусоидат ба густариши робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иброз дошт.Дар мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, ба таҳкими равобити дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20221202/tojikiston-pokiston-ton-kumaki-bashardustona-1053221424.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071323552_88:668:1407:1657_1920x0_80_0_0_af151fe1096070c35b74c7139bd4f9b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, гидроэнергетика, кишорварзӣ, равобит
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, гидроэнергетика, кишорварзӣ, равобит
Талоши Тоҷикистону Покистон барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергета ва кишоварзӣ
Дар Душанбе масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои нав баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, Сардор Ясир Иляс Хон баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин дидор дар ҳошияи Форуми сармоягузории сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин дидор қайд кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои навро баррасӣ карданд.
Тарафҳо ба зарурати истифодаи имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика таъкид карданд.
Нуриддинзода Аҳлиддин қайд кард, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак эҷод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Сардор Ясир Иляс Хон омодагии худро барои мусоидат ба густариши робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иброз дошт.
Дар мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, ба таҳкими равобити дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.