https://sputnik.tj/20221202/tojikiston-pokiston-ton-kumaki-bashardustona-1053221424.html
Беш аз пеш: Тоҷикистон ба Покистон боз 5 ҳазор тон кумаки башардӯстона фиристод
Беш аз пеш: Тоҷикистон ба Покистон боз 5 ҳазор тон кумаки башардӯстона фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт аз Тоҷикистон дар рӯзи аввали зимистон озими Покистон гардиданд 02.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-02T09:40+0500
2022-12-02T09:40+0500
2022-12-02T09:40+0500
дар тоҷикистон
кӯмаки башардӯстона
покистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон бо дастури президент, Эмомалӣ Раҳмон барои ироаи кумаки навбатии башардӯстона ба Покистон ба маблағи беш аз 19 млн сомонӣ қарор қабул кардаст. Бар асоси иттилоияи расмӣ, ин қарор дар пайи шиддат гирифтани буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Покистон қабул гардидаст. Кумаки навбатии башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон дар маҷмуъ ҳудуди 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1,5 ҳазор тонна ангиштсанг, 2 ҳазор тонна семент, 5 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ фиристода шудаст. Арзиши маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхти фиристодаи Тоҷикистон беш аз 19,2 млн сомониро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки то қаламрави Покистон кумаки ҷудогардидаи башардӯстонаро расонанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон низ ба Покистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна, ба маблағи зиёда аз 12 млн сомонӣ кумаки башардӯстона фиристода буд. Қобили зикр аст, ки дар пайи офатҳои табиии моҳҳои охир, аз ҷумла селу обхезиҳо садҳо нафар дар Покистон ба ҳалокат расида, даҳҳо миллиони дигар зарар диданд.
https://sputnik.tj/20221109/muloqot-emomali-rahmon-sarvazir-pokiston-shahboz-sharif-1052704202.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯмаки башардӯстона, покистон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, кӯмаки башардӯстона, покистон, эмомалӣ раҳмон
Беш аз пеш: Тоҷикистон ба Покистон боз 5 ҳазор тон кумаки башардӯстона фиристод
Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт аз Тоҷикистон дар рӯзи аввали зимистон озими Покистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон бо дастури президент, Эмомалӣ Раҳмон барои ироаи кумаки навбатии башардӯстона ба Покистон ба маблағи беш аз 19 млн сомонӣ қарор қабул кардаст.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, ин қарор дар пайи шиддат гирифтани буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Покистон қабул гардидаст.
Кумаки навбатии башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон дар маҷмуъ ҳудуди 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1,5 ҳазор тонна ангиштсанг, 2 ҳазор тонна семент, 5 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ фиристода шудаст.
Арзиши маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхти фиристодаи Тоҷикистон беш аз 19,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки то қаламрави Покистон кумаки ҷудогардидаи башардӯстонаро расонанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон низ ба Покистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна, ба маблағи зиёда аз 12 млн сомонӣ кумаки башардӯстона фиристода буд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи офатҳои табиии моҳҳои охир, аз ҷумла селу обхезиҳо садҳо нафар дар Покистон ба ҳалокат расида, даҳҳо миллиони дигар зарар диданд.