Тоҷикистон ва Белорус густариши ҳамкориҳоро дар машваратҳои сиёсӣ баррасӣ карданд

© Foto / Министерство иностранных дел ТаджикистанаПолитические консультации Таджикистана и Беларуси
Политические консультации Таджикистана и Беларуси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Обуна шудан
Дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Белорус масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тоҷикистон ва Белорус барои тавсеаи равобити дуҷониба машваратҳои сиёсӣ анҷом доданд.
Тавре Вазори умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, машваратҳои сиёсии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва Павел Утюпин сурат гирифт.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Вазорати хориҷа қайд намудааст, ки таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Шоҳиён: Тоҷикистон бо Белорус шарикони стратегӣ мебошанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2025
Шоҳиён: Тоҷикистон бо Белорус шарикони стратегӣ мебошанд.
“Доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда шуд”, - қайд кардааст ВУХ.
Таъкид карда шудааст, ки идомаи ҳамкории ҷонибҳо дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СПАД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Белорус Павел Утюпин мулоқот намуд.
Ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд.
Флаг Беларуси и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2025
Тоҷикистону Белорус барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ тақвият хоҳанд дод
Тарафҳо ба таҳкими минбаъдаи муколама ва идомаи тамосҳои мунтазам байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, кифардо дар "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир мегардад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0