https://sputnik.tj/20250528/tojikiston-belorus-barnomaho-talimi-tahsilot-kasbi-tekhniki-taqviyat-1067494625.html
Тоҷикистону Белорус барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ тақвият хоҳанд дод
Тоҷикистону Белорус барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ тақвият хоҳанд дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус ҳамкориро тақвият мебахшанд
2025-05-28T10:49+0500
2025-05-28T10:49+0500
2025-05-28T10:49+0500
дар тоҷикистон
беларус
ҳамкорӣ
равобит
маориф
таълим
таҳсилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1b/1060188821_0:0:752:423_1920x0_80_0_0_86f07f0258136071298d4c0a5d5e6e72.jpg
ДУШАНБЕ, 28мая — Sputnik. Дар шаҳри Мински Беларус байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии назди Вазорати маорифи Беларус Созишномаи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак ба имзо расид.Дар ин бора Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар додааст.Созишномаро Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Ректори Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ Валерий Голубовский ба имзо расониданд.Ба иттилои манбаъ, дар асоси санади имзошуда ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии Беларус, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ доранд, рушд намуда, табодули таҷриба ва иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷониби якдигар амалӣ мегарданд.Фарҳод Раҳимӣ таъкид кардааст, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон чун самти меҳварии фаъолият зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд, миёни вилоятҳои Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро ба имзо расонида шуд.Санади мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20250527/minsk-sugd-tojikiston-barnomai-hamkori-imzo-kardand-1067490499.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1b/1060188821_96:0:660:423_1920x0_80_0_0_beac33c6edb01edda8fcf22a2f003123.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, маориф, таълим, таҳсилоти касбӣ, ҳамкорӣ, тақвият
тоҷикистон, белорус, маориф, таълим, таҳсилоти касбӣ, ҳамкорӣ, тақвият
Тоҷикистону Белорус барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ тақвият хоҳанд дод
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 28мая — Sputnik. Дар шаҳри Мински Беларус байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии назди Вазорати маорифи Беларус Созишномаи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак ба имзо расид.
Дар ин бора Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар додааст.
Созишномаро Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Ректори Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ Валерий Голубовский ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси санади имзошуда ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии Беларус, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ доранд, рушд намуда, табодули таҷриба ва иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷониби якдигар амалӣ мегарданд.
Фарҳод Раҳимӣ таъкид кардааст, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон чун самти меҳварии фаъолият зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд, миёни вилоятҳои Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.