Нигаронии Раҳмон аз афзоиши партовҳо ва камбуди корхонаҳои коркарди он

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с сотрудниками Комитета охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.
Встреча Эмомали Рахмона с сотрудниками Комитета охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯ масоҳати умумии партовгоҳҳо дар ҳудуди кишвар бештар аз 300 гектарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист қайд кард, ки солҳои охир афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, вусъатёбии сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боиси афзудани намудҳои гуногуни партов шудааст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар кишвар механизми идоракунии маҷмӯии партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва сохтмонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки сохтмони корхонаҳои коркарди партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ метавонад ба коҳишёбии партовҳо таъсири мусбат расонад.
Вай афзуд, ки бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ ва рушди истеҳсолот ҳаҷм ва масоҳати замини зери партовгоҳҳо сол ба сол зиёд шудааст.
“Тибқи маълумоти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ҳамасола зиёда аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва масоҳати умумии партовгоҳҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад”, - қайд кард раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки имрӯз дар кишвар шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам мебошанжд
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе Рустам Эмомали. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2025
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Душанбе: Раҳмон шахсан ба истифода дод
Вай гуфт дар ин корхонаҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад.
Раҳбари Тоҷикистон ташкил кардани корхонаҳои калони коркарди партовҳо дар ҳудуди партовгоҳҳои амалкунандаро зарур шумурд.
Вай гуфт ин метавонад масоҳати ҷойгиронӣ ва ҳаҷми партовҳоро дар муҳити зист коҳиш диҳад.
Раисҷумҳур илова кард, ки барои коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон зарур аст, ки механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо ҷорӣ карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои кишвар супориш дод, ки механизми ҷойгиронӣ, кашонидан ва коркарди партовҳоро таҳия намоянд.
Кишвардори Тоҷикистон ба масъулин барои ворид намудани технологияҳои муосир ва сохтмони корхонаҳои калони коркарду безараргардонии партовҳо супориш дод.
Лентаи хабарҳо
0