Тасвирбаёни таҳсилу таътили хонандаҳо дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Таҳсил дар макотиби Тоҷикистон ба тозагӣ шурӯъ шуд, вале қисми зиёди хонандаҳо аллакай таътили нахустини мактабҳоро бесаброна интизоранд
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аллакай ҷадвали таътили мактаббачагонро барои соли хониши 2025/26 муайян кардааст.
Соли хониш дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон чун анъана аз 1 сентябр оғоз шуда, 31 май ба охир мерасад.
Давомнокии соли хониш, ба истиснои давраи ҳатми аттестатсия, барои хонандагони синфҳои 2 то 11 - 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои якум 34 ҳафта хоҳад буд.
Таътил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 19 рӯзи тақвимӣ хоҳад буд.
Ба хамин тарик, мактаббачагон дар тирамоҳ аз 1 то 7 ноябр таътил мешаванд ва дар фасли зимистон аз 1 то 7 январ таҳсил намекунанд. Дар фасли баҳор бошад, аз 25 то 29 март таътил муқаррар шудааст.
Таътили тобистона пас аз ба охир расидани соли хониш ва аттестатсия то 31 август давом мекунад. Дар баробари ин, дарси хонандагони синфҳои якум як ҳафта пештар ба охир мерасад.
Вазорати маориф ва илм хотиррасон мекунад, ки мактаббачагон бояд дарси таҳсилро фаромӯш накунанд - дар рӯзҳое, ки таътил ҳастанд, бояд вақти пайдо кардаро, дар китобхонаҳо гузаронанд чун дар он ҷо барои хонандагон барномаҳои гуногуни илмию адабӣ пешкаш мегардад.
Вазорати маориф замони гузаронидани имтиҳоноти гузариш барои хонандагонро эълон кард
Инчунин руйхати асархои адабӣ барои бачагон дар рӯзҳои таътил тартиб дода мешавад.
Вазорат аз ҳама волидайн даъват мекунад, ки нагузоранд, ки кӯдакон бештари вақти худро бо телефонҳо сипарӣ кунанд.
Ба онҳо инчунин тавсия дода мешавад, ки мактаббачагонро аз сайру гаштҳои беҳуда маҳдуд намоянд.
Лентаи хабарҳо
0