https://sputnik.tj/20250916/rahmon-rushdi-hamkori-hamsoyai-nazdik-ahamiyat-1071232798.html
Раҳмон: Мо ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикамон аҳамияти хоса медиҳем
Раҳмон: Мо ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикамон аҳамияти хоса медиҳем
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур бо раиси парлумони Қирғизистон масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ кард
2025-09-16T12:59+0500
2025-09-16T12:59+0500
2025-09-16T18:42+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/10/1071229777_165:273:2048:1332_1920x0_80_0_0_eed199498662659e0677a44c36450013.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кард.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ҷонибҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ намуданд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот қайд кард, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш — Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.Раҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.Ҳамзамон дар мулоқот ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Инчунин зимни мулоқот роҳбари Тоҷикистон ва раиси парлумони Қирғизистон ба рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.Ҳамчунин ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитариро низ баррасӣ карданд.Кишвардори Тоҷикистон ва раиси парлумони кишвари ҳамсоя ҳамчунин дар бораи тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, СММ, ИДМ, СҲШ ва СПАД гуфтугӯ карданд.
https://sputnik.tj/20250916/rahmon-hamla-qatar-tajovuz-sohibistiqlol-tamomiyati-arzii-1071232047.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/10/1071229777_276:186:1849:1365_1920x0_80_0_0_070e471225ea2c393e3a57d1d8f16cec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, аҳамият, равобит, сиёсат, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, аҳамият, равобит, сиёсат, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон: Мо ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикамон аҳамияти хоса медиҳем
12:59 16.09.2025 (Навсозишуда: 18:42 16.09.2025) Раисҷумҳур бо раиси парлумони Қирғизистон масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ҷонибҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот қайд кард, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш — Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.
Ҳамзамон дар мулоқот ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин зимни мулоқот роҳбари Тоҷикистон ва раиси парлумони Қирғизистон ба рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитариро низ баррасӣ карданд.
Кишвардори Тоҷикистон ва раиси парлумони кишвари ҳамсоя ҳамчунин дар бораи тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, СММ, ИДМ, СҲШ ва СПАД гуфтугӯ карданд.