Пизишкиён: Равобити Эрону Тоҷикистон ба шакли ризоятбахш дар ҳол иртиқо аст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона и с президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкианом.
Встреча Эмомали Рахмона и с президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкианом. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои тоҷикаш дар Давҳаи Қатар гуфт, ду кишвар зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Масъуд Пизишкиён дар ҳошия нишаст изтирории сарони кишварҳои исломӣ ва Иттиҳодияи араб дар Давҳаи Қатар, дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, изҳор дошт, ки вақти фосила байни мулоқотҳо кӯтоҳ шудааст, дидорҳо аз ҷанбаи диплумотики расмӣ хориҷ шуда ва самимияту дӯстӣ бар онҳо ҳоким шудааст.
Вай афзуд, ки ин масаъла ба тасҳилу тасреъи пешбурди ҳамкориҳои ду кишвар кумак мекунад.
Пизишкиён бо баёни ин ки равобити Эрону Тоҷикистон бо такя бар иштирокоти забонӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба шакли ризоятбахш дар ҳол иртиқо аст.
“Ду кишвари зарфиятҳои хӯбе барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд, ки фаъол кардан онҳо боиси таъмини манофеи ду миллат хоҳад шуд”, - гуфт раисҷумҳури Эрон.
Пизишкён ҳамчунин дар идома бо ишора ба далели гирди ҳам омадани сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар Давҳа тасреҳ кард, ки Исроил бо пуштибонии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳеҷ ҳаду марзе барои ҷиноёти худ қоил нест ва фақат иттиҳоду инсиҷоми кишварҳои исломӣ аст, ки метавонад боиси таваққуфи мошини куштору ҷинояти ин кишвар шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз фароҳам шудани фурсати дидор бо раисҷумҳӯри кишвари ҳам забон гуфт, ки Эрону Тоҷикистони фурсатҳоу зарфиятҳои мутанаввиъ ва мутаъаддиде барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд.
 Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист
Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номиданд
“Мо арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва забонии кишварҳоямонро ҳамеша пос медорем”, - қайд кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҷонибҳо дар ин дидор вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд.
Роҳбарони ду кишвар аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш сурат гирифта, ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо ҳамтои эрониаш таъкид кард, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа ва ҷаҳон, қабл аз ҳама, дар музокироту муколама мебинад.
Лентаи хабарҳо
0