https://sputnik.tj/20250915/viloyat-khatlon-deha-nav-bunyod-1071173656.html
Дар вилояти Хатлон деҳаи нав бунёд шуд
Дар вилояти Хатлон деҳаи нав бунёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Деҳаи нав дар рӯзҳои таҷлили 34- солагии истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайдо шудааст
2025-09-15T09:31+0500
2025-09-15T09:31+0500
2025-09-15T09:31+0500
дар тоҷикистон
хатлон
ҷалолиддини балхӣ
деҳаи нав
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071074584_0:5:2048:1157_1920x0_80_0_0_dc7cc712b79b9c4e5595ff6aa5c71352.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи "Обшорон" бунёд шудааст.Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" амалӣ гардидааст, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.Гуфта мешавад, ки дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта ва ба ятимони куллл ва нимятимон тақдим гардидааст. Ҳамзамон дар деҳаи нав дабистон барои 134 хонанда ва бунгоҳи тиббӣ низ сохта шудааст. Бо ифтитоҳи деҳаи "Обшорон" сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд. Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи "Айлодара"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои вилояти Хатлон низ, барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон 10 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.Манзилҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ ба сар мебаранд.
https://sputnik.tj/20250911/amorat-arab-oilaho-kambizoat-khovaling-khona-1071076076.html
ҷалолиддини балхӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071074584_250:0:1799:1162_1920x0_80_0_0_3d2363a4fa47fd060c9bd14ea474825b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
деҳаи нав, тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон деҳаи нав бунёд шуд
Ин деҳа рӯзҳои таҷлили 34- солагии истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайдо шудааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи "Обшорон" бунёд шудааст.
Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" амалӣ гардидааст, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Гуфта мешавад, ки дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта ва ба ятимони куллл ва нимятимон тақдим гардидааст.
"Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон дар деҳаи нав дабистон барои 134 хонанда ва бунгоҳи тиббӣ низ сохта шудааст.
Бо ифтитоҳи деҳаи "Обшорон" сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи "Айлодара"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои вилояти Хатлон низ, барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон 10 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.
Манзилҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ ба сар мебаранд.