https://sputnik.tj/20250911/amorat-arab-oilaho-kambizoat-khovaling-khona-1071076076.html
Аморати Араб барои оилаҳои камбизоати Ховалинг хонаҳои истиқоматӣ сохт
Аморати Араб барои оилаҳои камбизоати Ховалинг хонаҳои истиқоматӣ сохт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта шудааст
2025-09-11T13:49+0500
2025-09-11T13:49+0500
2025-09-14T17:41+0500
иҷтимоъ
ховалинг
давлаталӣ саид
хатлон
хона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/06/1026420683_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_e0fd018be81a5f45794c1bb98e0866d3.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар деҳаи "Айлодара"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон 10 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" амалӣ гардидааст, гузориш медиҳад дафтари матбуоотии раиси вилоят.Манзилҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ ба сар мебаранд.Калиди хонаҳоро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибонашон тақдим кард.Гуфта мешавад, ки хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, шароити муносибро барои зиндагии арзанда фароҳам меоранд. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи хонаҳо аз сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд, махсусан оилаҳои камбизоат ва бесаробон, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат аст.Ӯ ба масъулон дастур додааст, ки минбаъд низ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, махсусан таъмин намудани оилаҳои осебпазир бо манзили зист, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/06/1026420683_373:483:2459:2048_1920x0_80_0_0_b4813e1bdd0d25855798018e44852b6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ама, сокинони ниёзманди ховалинг, хона
ама, сокинони ниёзманди ховалинг, хона
Аморати Араб барои оилаҳои камбизоати Ховалинг хонаҳои истиқоматӣ сохт
13:49 11.09.2025 (Навсозишуда: 17:41 14.09.2025) Ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар деҳаи "Айлодара"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон 10 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.
Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" амалӣ гардидааст, гузориш медиҳад дафтари матбуоотии раиси вилоят.
Манзилҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ ба сар мебаранд.
Калиди хонаҳоро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибонашон тақдим кард.
Гуфта мешавад, ки хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, шароити муносибро барои зиндагии арзанда фароҳам меоранд.
Дар ҷараёни сохтмон беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи хонаҳо аз сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд, махсусан оилаҳои камбизоат ва бесаробон, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат аст.
Ӯ ба масъулон дастур додааст, ки минбаъд низ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, махсусан таъмин намудани оилаҳои осебпазир бо манзили зист, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.