https://sputnik.tj/20250915/raisi-panjakent-kuhnavard-rus-bemoriston-1071210363.html
Раиси Панҷакент кӯҳнаварди русро дар бемористон хабар гирифт
Раиси Панҷакент кӯҳнаварди русро дар бемористон хабар гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Панҷакент ва табибон барои табобати кӯҳнаварди рус ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд, шароити хуб фароҳам овардаанд
2025-09-15T17:02+0500
2025-09-15T17:02+0500
2025-09-15T19:39+0500
дар тоҷикистон
кӯҳнавард
русия
панҷакент
осеб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071201881_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_cd3976a83df5f430323483bd58b43f33.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кӯҳнаварди рус, ки дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент табобат мегирад.Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ахиран сайёҳи маҷрӯҳро, ки шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск Телитсин Антон аст, дар бемористон аёдат ва ҳолпурсӣ намуд.Ҳамсар ва писари кӯҳнавард, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ҳамроҳи ӯ ҳастанд. Мақомоти шаҳр ва табибон барои муолиҷаи ҷабрдида ва хонаводаи ӯ шароити мусоид фароҳам овардаанд.“Сайёҳи рус ва ҳамсару писараш, ки ба дидорбинии ӯ омадаанд, аз таваҷҷӯҳи мақомоти шаҳрдорӣ, ғамхории табибон, муҳайё кардани шароити мусоид барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.Табибон ҳолати сайёҳи русро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки кӯҳнаварди рус Антон Телитсини 44 сола ҳангоми саёҳат дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд.Бо супориши мақомоти шаҳри Панҷакент гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гажданӣ дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро аз ҷойи ҳодиса ба деҳаи Вору расонданд. Сипас наҷотдиҳандагон ӯро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол доданд.
https://sputnik.tj/20250912/konsulgarii-rusiya-majruhshavi-kuhnavard-1071119137.html
русия
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071201881_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_2a36bcd352e1d5cd3bc0737667253c69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панҷакент, кӯнавард, бемористон, маҷрӯҳ, шароит, кӯнаварди рус
тоҷикистон, панҷакент, кӯнавард, бемористон, маҷрӯҳ, шароит, кӯнаварди рус
Раиси Панҷакент кӯҳнаварди русро дар бемористон хабар гирифт
17:02 15.09.2025 (Навсозишуда: 19:39 15.09.2025) Мақомоти шаҳри Панҷакент ва табибон барои табобати кӯҳнаварди рус ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд, шароити хуб фароҳам овардаанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кӯҳнаварди рус, ки дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент табобат мегирад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ахиран сайёҳи маҷрӯҳро, ки шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск Телитсин Антон аст, дар бемористон аёдат ва ҳолпурсӣ намуд.
Ҳамсар ва писари кӯҳнавард, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ҳамроҳи ӯ ҳастанд. Мақомоти шаҳр ва табибон барои муолиҷаи ҷабрдида ва хонаводаи ӯ шароити мусоид фароҳам овардаанд.
“Сайёҳи рус ва ҳамсару писараш, ки ба дидорбинии ӯ омадаанд, аз таваҷҷӯҳи мақомоти шаҳрдорӣ, ғамхории табибон, муҳайё кардани шароити мусоид барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Табибон ҳолати сайёҳи русро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кӯҳнаварди рус Антон Телитсини 44 сола ҳангоми саёҳат дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд.
Бо супориши мақомоти шаҳри Панҷакент гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гажданӣ дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро аз ҷойи ҳодиса ба деҳаи Вору расонданд. Сипас наҷотдиҳандагон ӯро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол доданд.