https://sputnik.tj/20250912/konsulgarii-rusiya-majruhshavi-kuhnavard-1071119137.html
Консулгарии Русия қазияи маҷруҳшавии кӯҳнаварди русро таҳти назорат дорад
Консулгарии Русия қазияи маҷруҳшавии кӯҳнаварди русро таҳти назорат дорад
Sputnik Тоҷикистон
Кӯҳнаварди рус аз баландӣ сарозер шуда, пояш шикаст ва ҳаракат карда наметавонад
2025-09-12T15:09+0500
2025-09-12T15:09+0500
2025-09-12T15:20+0500
консулгарии генералии русия
дар тоҷикистон
кӯҳнавард
наҷотдиҳӣ
хуҷанд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071080323_0:326:750:748_1920x0_80_0_0_012bc02b8ca860acb02bbdb9d794a575.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд вазъи кӯҳнаварди русро, ки дар кӯҳҳои шимоли кишвар ҷароҳатдор шуд, таҳти назорат дорад. Дар ин бора котиби матбуотии намояндагии Русия дар Тоҷикистон Виктория Морозова, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод."Мо вазъро аз фосилаи дур назорат карда истодаем. На шаҳрванд ва на наздиконаш аз мо кумак дархост накардаанд, аммо мо вазъиятро назорат карда истодаем", - гуфт Морозова. Кӯҳнаварди рус Антон Телитсини 44-сола ҳангоми баромадан ба кӯҳҳо лағжида ва аз баландӣ сарозер шуд ва пои росташро захмӣ кард.Ҳамин тариқ, ба наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки ҳангоми сафар дар минтақаи деҳаи Вору як сайёҳи хориҷӣ дар кӯҳ осеб дидааст. Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо карданд.Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд. Сипас, ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ фароварда, ба Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол доданд ва барои табобат бистарӣ намуданд.Айни ҳол саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250911/najot-kuhnavard-rus-kuh-panjakent-1071083746.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071080323_0:325:750:888_1920x0_80_0_0_9a17b9b3bb051d98c12ff8103b8e9a3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
консулгарии фр, маҷруҳшавии кӯҳнаварди рус, назорат
консулгарии фр, маҷруҳшавии кӯҳнаварди рус, назорат
Консулгарии Русия қазияи маҷруҳшавии кӯҳнаварди русро таҳти назорат дорад
15:09 12.09.2025 (Навсозишуда: 15:20 12.09.2025) Эксклюзив
Кӯҳнаварди рус аз қуллаи баланди кӯҳ сарозер шуда пояшро шикаст ва дигар ҳаракат карда натавонист
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд вазъи кӯҳнаварди русро, ки дар кӯҳҳои шимоли кишвар ҷароҳатдор шуд, таҳти назорат дорад.
Дар ин бора котиби матбуотии намояндагии Русия дар Тоҷикистон Виктория Морозова, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мо вазъро аз фосилаи дур назорат карда истодаем. На шаҳрванд ва на наздиконаш аз мо кумак дархост накардаанд, аммо мо вазъиятро назорат карда истодаем", - гуфт Морозова.
Кӯҳнаварди рус Антон Телитсини 44-сола ҳангоми баромадан ба кӯҳҳо лағжида ва аз баландӣ сарозер шуд ва пои росташро захмӣ кард.
Ҳамин тариқ, ба наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки ҳангоми сафар дар минтақаи деҳаи Вору як сайёҳи хориҷӣ дар кӯҳ осеб дидааст.
Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо карданд.
Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд. Сипас, ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ фароварда, ба Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол доданд ва барои табобат бистарӣ намуданд.
Айни ҳол саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.