https://sputnik.tj/20250915/bozi-final-jomi-tojikiston-video-1071212837.html
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2025 чи гуна гузашт? – видео
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2025 чи гуна гузашт? – видео
Sputnik Тоҷикистон
Финали футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар – ТадАЗ” ва “Эсхата” шоми дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо шуру ҳаяҷони зиёд доир шуд
2025-09-15T19:02+0500
2025-09-15T19:02+0500
2025-09-15T19:02+0500
видео
футбол
хуҷанд
ҷом
суғд
бозӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071211996_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b2aec527dbe11aabeb59512c3ebca49b.jpg
Дар варзишгоҳи ба номи “20 солагии Истиқлолият” дар Хуҷанд беш аз 13 ҳазор тамошобин ба ҳисоби Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовинонаш иштирок доштанд. Ҷараёни бозиро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон инъикос мекард.Дар тули 45 дақиқаи аввалӣ бозӣ бозикунони дастаи “Регар – ТадАЗ” ба дарвозаи “Эсхата” ду гол ба самар расониданд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев дардақиқаи 7-ум ва Самандар Қодиров дар дақиқаи 21-уми бозӣ ба номи худ сабт намуданд.Се голи дигарро футболозони шаҳри Турсунзода дар нимаи дуюми дидор ба дарвозаи хуҷандиҳо ворид карданд. Муаллифи ин ду гол Шуҳрат Элмуродов буда голи дигарро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи (90+7) ба самар расонд.Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфтБа ин тартиб клуби футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ дастаи бонкдории "Эсхата"-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод ва бори бори ҳаштум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.“Эсхата” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, бори 16-ум дар бозии ниҳоииин мусобиқот иштирок намуда, дар ҳаштоаш пирӯз шудааст. Аз ҷумла ду соли ахирпайиҳам регариҳо барандаи Ҷоми Тоҷикистон мешаванд."Ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан душвор аст": мусоҳиба бо сармураббии нави "Саразм" Мубин ЭргашевСоли қаблӣ дар финал бар дастаи “Хуҷанд” ва имсол бар тими “Эсхата” пирӯз шуданд.Дар поёни мусобиқот ба футболбозони дастаи “Эсхата” медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи “Регар – ТадАЗ” Ҷом, медалҳои тилло ва маблағи ҷоизапулӣ ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071211996_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_27640b33e2bed242cbb053f65e59dbe4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, футбол, варзиш, ҷоми тоҷикистон, бозӣ, хуҷанд, суғд
видео, футбол, варзиш, ҷоми тоҷикистон, бозӣ, хуҷанд, суғд
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2025 чи гуна гузашт? – видео
Финали футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар – ТадАЗ” ва “Эсхата” шоми дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо шуру ҳаяҷони зиёд доир шуд
Дар варзишгоҳи ба номи “20 солагии Истиқлолият” дар Хуҷанд беш аз 13 ҳазор тамошобин ба ҳисоби Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовинонаш иштирок доштанд. Ҷараёни бозиро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон инъикос мекард.
Дар тули 45 дақиқаи аввалӣ бозӣ бозикунони дастаи “Регар – ТадАЗ” ба дарвозаи “Эсхата” ду гол ба самар расониданд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев дардақиқаи 7-ум ва Самандар Қодиров дар дақиқаи 21-уми бозӣ ба номи худ сабт намуданд.
Се голи дигарро футболозони шаҳри Турсунзода дар нимаи дуюми дидор ба дарвозаи хуҷандиҳо ворид карданд. Муаллифи ин ду гол Шуҳрат Элмуродов буда голи дигарро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи (90+7) ба самар расонд.
Ба ин тартиб клуби футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ дастаи бонкдории "Эсхата"-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод ва бори бори ҳаштум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
“Эсхата” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, бори 16-ум дар бозии ниҳоииин мусобиқот иштирок намуда, дар ҳаштоаш пирӯз шудааст. Аз ҷумла ду соли ахирпайиҳам регариҳо барандаи Ҷоми Тоҷикистон мешаванд.
Соли қаблӣ дар финал бар дастаи “Хуҷанд” ва имсол бар тими “Эсхата” пирӯз шуданд.
Дар поёни мусобиқот ба футболбозони дастаи “Эсхата” медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи “Регар – ТадАЗ” Ҷом, медалҳои тилло ва маблағи ҷоизапулӣ ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.