Медали дуюми Мадина Қурбонзода дар қаҳрамонии Осиё - видео

© Foto / Федерация дзодо ТаджикистанаМадина Курбонзода
Мадина Курбонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2025
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон аллакай дар ин озмун дар Индонезия соҳиби ҷоизаи олӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мадина Қурбонзода дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон соҳиби ҷоизаи дуюм шуд.
Ҷудочии тоҷик дар мусобиқаи Ҷакарта бар рақибаш аз Ҳиндустон пирӯз шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.
Рақобат миёни Мадина Қурбонзода ва Чану Нунгшизой дар вазни то 52 кг сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Қурбонзода қаблан дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон медали тилло ба даст оварда буд.
Ҷудочии тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, Нигина Умирзоқова аз Узбекистонро шикаст дод.
Мадина Қурбонзода дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаҳои баъдӣ то финал, ҳарифонашро аз Қирғизистон Ҳиндустон шикаст дод.
Мадина Қурбонзода хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст.
Мадина Курбонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Мадина Қурбонзода қаҳрамони Осиё шуд
Ӯ дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam-2025 медали биринҷӣ ба даст овард.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки дар Ҷакарта (Индонезия) баргузор шуд, 4 ҷудочӣ намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз аз Мадина Рашид Неъматов ва Бобоҷон Шарофов дар вазни 73 кг ва Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни 81 кило ширкат карданд.
Неъматов ва Шарофов низ дар мусобиқот пирӯз шуда, медали тилло ва нуқраро аз худ карданд.
Лентаи хабарҳо
0