Мадина Қурбонзода қаҳрамони Осиё шуд

© Foto / Федерация дзодо ТаджикистанаМадина Курбонзода
Мадина Курбонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Обуна шудан
Ин нахустин медали тилои варзишкорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон мебошад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мадина Қурбонзода ҷудокори номовари тоҷик дар қаҳрамони Осиё дар вазни то 52 кг мақоми аввалро аз худ кард.
Ӯ дар рӯзи якуми Чемпионати ҷудои Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистонро мағлуб намуд.
Мадина Қурбонзода дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаҳои баъдӣ то финал, ҳарифонашро аз Қирғизистон Ҳиндустон шикаст дод.
Бояд гуфт, ки Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон дар Тошканд низ, медали тило ба даст оварда буд.
© Foto / Федерация дзодо ТаджикистанаМадина Курбонзода
Мадина Курбонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Мадина Курбонзода
Мадина Қурбонзода хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст.
Ӯ дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam-2025 медали биринҷӣ ба даст овард.
"Dushanbe Grand Slam”-и таърихӣ: Ҷойи аввали паҳлавонони тоҷик бо 11 медал
Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон дар Ҷакартаи Индонезия 4 ҷудочӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар ин мусобиқот ба ҷуз аз Мадина, Рашид Неъматов ва Бобоҷон Шарофов дар вазни 73 кг ва Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни 81 кг ширкат доранд.
Мадина Курбонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Мадина Қурбонзода дар Ҷоми Осиё-2025 медали тило гирифт
Дар ин мусобиқот миёни наврасон ҳамагӣ 196 ҷудочӣ аз 21 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Чемпионати Осиё оид ба ҷудо рӯзҳои 11-12 сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия миёни наврасон баргузор мешавад.
3 намояндаи дигари Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр рақобат хоҳанд кард. Мусобиқаи ҷавонон рӯзҳои 13 ва 14 сентябр баргузор мешавад. Дар ин бахш Тоҷикистонро 10 варзишкор дар байни 198 варзишгар аз 20 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0