https://sputnik.tj/20250913/ikhtiro-olim-tojik-nazorat-havopaymo-1071137806.html
Ихтироъи олими тоҷик назорати интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро осон мекунад
Ихтироъи олими тоҷик назорати интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро осон мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии "Measurement" нашр гардидааст
2025-09-13T15:39+0500
2025-09-13T15:39+0500
2025-09-13T15:39+0500
илм ва фанноварӣ
муҳаққиқ
тоҷик
ҳавопаймо
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/09/1065053001_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_3335fbbac2c540b7e40f0e60a22a3633.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар Донишгоҳи илм ва технологияи Миссурии ИМА усули нави назорат ва таҳлили низоми интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро ихтироъ кардааст.Усули нави назорат таҳти унвони "Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда" (TSFA) имкон медиҳад, ки нуқсонҳои техникӣ дар ҳавопаймоҳо сари вақт ва ба тарзи дақиқ муайян карда шаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" хабар доданд.Ин усул басомад ва амплитудаи сигналҳои интиқолёфтаро таҳлил намуда, нуқсонҳоро дар хатҳои интиқоли маълумот дар дохили ҳавопаймо сари вақт ва бе ниёз ба таҷҳизоти иловагӣ муайян менамояд.Усулҳои анъанавии рефлектометрии вақтӣ ва басомадӣ барои таҳлили сигналҳои инъикосшуда ниёз ба истифодаи нақшаи иловагии мураккаб доранд, ки ин корро дар ҳавопаймоҳои муосир – бо шабакаҳои симкаши дарозии беш аз 200 км душвор мегардонад. Усули ихтироъкардаи олими тоҷик бошад, ба дастаҳои муҳандисӣ имкон медиҳад, ки нуқсонҳоро дақиқ, бо самаранокии баланд ва бе маҳдудияти инфрасохтории усулҳои анъанавӣ муайян намоянд.Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии "Measurement" нашр гардид.
https://sputnik.tj/20230602/professori-tojik-konsorsium-donishgohi-avruosiyo-1057511872.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/09/1065053001_846:0:3577:2048_1920x0_80_0_0_0c0586196d01da6d6af707aa6f84631a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ихтироъи олими тоҷик, назорати ҳавопаймо
ихтироъи олими тоҷик, назорати ҳавопаймо
Ихтироъи олими тоҷик назорати интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро осон мекунад
Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии "Measurement" нашр гардидааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар Донишгоҳи илм ва технологияи Миссурии ИМА усули нави назорат ва таҳлили низоми интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро ихтироъ кардааст.
Усули нави назорат таҳти унвони "Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда" (TSFA) имкон медиҳад, ки нуқсонҳои техникӣ дар ҳавопаймоҳо сари вақт ва ба тарзи дақиқ муайян карда шаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" хабар доданд.
Ин усул басомад ва амплитудаи сигналҳои интиқолёфтаро таҳлил намуда, нуқсонҳоро дар хатҳои интиқоли маълумот дар дохили ҳавопаймо сари вақт ва бе ниёз ба таҷҳизоти иловагӣ муайян менамояд.
Усулҳои анъанавии рефлектометрии вақтӣ ва басомадӣ барои таҳлили сигналҳои инъикосшуда ниёз ба истифодаи нақшаи иловагии мураккаб доранд, ки ин корро дар ҳавопаймоҳои муосир – бо шабакаҳои симкаши дарозии беш аз 200 км душвор мегардонад.
Усули ихтироъкардаи олими тоҷик бошад, ба дастаҳои муҳандисӣ имкон медиҳад, ки нуқсонҳоро дақиқ, бо самаранокии баланд ва бе маҳдудияти инфрасохтории усулҳои анъанавӣ муайян намоянд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии "Measurement" нашр гардид.