https://sputnik.tj/20250912/shsh-format-kor-afghoniston-1071124195.html
Пас аз тағйири мақом: СҲШ форматҳои кор бо Афғонистонро муайян мекунад
Пас аз тағйири мақом: СҲШ форматҳои кор бо Афғонистонро муайян мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Машваратҳои СҲШ дар Душанбе ба дунболи тасмим дар бораи мақоми шарикии Афғонистон баргузор шуд
2025-09-12T18:23+0500
2025-09-12T18:23+0500
2025-09-12T18:23+0500
сҳш
афғонистон
мақом
шарики асосӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071116766_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_d2ab11c65418e498240dc0aa831ba854.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Душанбе машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаи Афғонистон баргузор шуд. Ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.Иштирокчиён вазъи кунунии Афғонистон, таъсири он ба минтақаро баррасӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо бо Кобул барои таъмини амнияту субот табодули иттилоот карданд.Ҷонибҳо майли худро барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ ҷиҳати таҳкими сулҳ ва рушди устувор дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа тасдиқ карданд. Ин машваратҳо идомаи тавофуқҳое буданд, ки дар нишасти ахири сарони СҲШ дар Тянҷин ба даст омадаанд. Дар Декларатсияи ниҳоии ҳамоиш талошҳо барои таъмини сулҳ дар Афғонистон дастгирӣ ёфта, зарурати ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ-сиёсӣ таъкид шудааст.Қаблан ташаббуси эҳёи равобити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Афғонистонро дабири Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу ба миён гузошта буд. Пас аз анҷоми нишаст дар Тянҷин Афғонистон аз мақоми нозир ба яке аз 17 шарики СҲШ табдил ёфт; пештар ин кишвар дар созмон мақоми нозирро дошт.
https://sputnik.tj/20250908/kumakhoi-bashardustona-tojikiston-zilzilazadogoni-afghoniston-1070976384.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071116766_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_4d1615649e5901442fee07a57be3e57c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш, афғонистон,
Пас аз тағйири мақом: СҲШ форматҳои кор бо Афғонистонро муайян мекунад
Машваратҳои СҲШ дар Душанбе ба дунболи тасмим дар бораи мақоми шарикии Афғонистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Душанбе машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаи Афғонистон баргузор шуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Иштирокчиён вазъи кунунии Афғонистон, таъсири он ба минтақаро баррасӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо бо Кобул барои таъмини амнияту субот табодули иттилоот карданд.
Ҷонибҳо майли худро барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ ҷиҳати таҳкими сулҳ ва рушди устувор дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа тасдиқ карданд.
Ин машваратҳо идомаи тавофуқҳое буданд, ки дар нишасти ахири сарони СҲШ дар Тянҷин ба даст омадаанд.
Дар Декларатсияи ниҳоии ҳамоиш талошҳо барои таъмини сулҳ дар Афғонистон дастгирӣ ёфта, зарурати ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ-сиёсӣ таъкид шудааст.
Қаблан ташаббуси эҳёи равобити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Афғонистонро дабири Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу ба миён гузошта буд.
Пас аз анҷоми нишаст дар Тянҷин Афғонистон аз мақоми нозир ба яке аз 17 шарики СҲШ табдил ёфт; пештар ин кишвар дар созмон мақоми нозирро дошт.