https://sputnik.tj/20250908/kumakhoi-bashardustona-tojikiston-zilzilazadogoni-afghoniston-1070976384.html
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба зилзилазадогони Афғонистон
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба зилзилазадогони Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон 3000 ҳазор тонна маводи хӯрокӣ ва ғайрихурокӣ ба зилзилазадагони вилояти шарқи Афғонистон эҳдо кард
2025-09-08T14:34+0500
2025-09-08T14:34+0500
2025-09-08T16:04+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
кӯмаки башардӯстона
зилзила
авоқиби зилзила
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070978592_0:122:2048:1274_1920x0_80_0_0_51d5ea1c74cb9356cdbfb6a52d29b8cf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бо супориши Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳо бо кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба самти ин кишвар равон шуд.Дар ин бора Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар додааст.Ба иттилои вай беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор шуданд.“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати зарардидагон маводи ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу болопӯши зимистона, оби нӯшокӣ , ангиштсанг ва дигар ашёи заруриро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол намуд”, - қайд кардааст Шоҳин Самадӣ.Чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии кишвар, бинобар ҳалокат ва маҷруҳ шудани шумораи зиёди мардум дар пайи заминларзаи шадид дар минтақаҳои шарқи Афғонистон ба мардуми ин кишвар паёми таслиятӣ ирсол кард.“Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст”,- омадааст дар паёми тассалӣ.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сиҳат шумори қурбониёни зилзила ахир дар шарқи Афғонистон ба се ҳазор нафар расидааст.Тибқи гузориши ин Созмон дар зилзилаи ахир дар манотиқи шарқии Афғонистон ва дар вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Лағмон ва Нуристон наздик ба се ҳазор нафари ҷон бохта, чаҳор ҳазор нафари захмӣ шуда ва беш аз 84 ҳазор нафар таҳти таъсири ин зилзилаи қарор гирифтаанд.Бино бар ин гузориши даст кам 16 маркази беҳдоштӣ дар чаҳор вилояти мазкур осеб дидаанд.Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳукумати ин кишвар дар охирин омори худ теъдоди ҷонбохтагони зилзила дар шарқи Афғонистонро ду ҳазор ва 205 тан эълом кардаанд.Ҳамчунин ба гуфта онон дар ин замини ларзаи се ҳазор ва 640 тан маҷрӯҳ шудаанд .Вай изофа кард, ки зилзила ҳамчунин 5412 хонаро вайрон кардааст.
https://sputnik.tj/20250902/tojikiston-ba-mardumi-afghoniston-hamdardi-kard-1070766314.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070978592_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_28a43afb04fd6ae893dda40c37a4443b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, кумак, башардӯстона, зилзилазадагон, ирсо, маводи хӯрокӣ, вух
тоҷикистон, афғонистон, кумак, башардӯстона, зилзилазадагон, ирсо, маводи хӯрокӣ, вух
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба зилзилазадогони Афғонистон
14:34 08.09.2025 (Навсозишуда: 16:04 08.09.2025) Тоҷикистон 3000 ҳазор тонна маводи хӯрокӣ ва ғайрихурокӣ ба зилзилазадагони вилояти шарқи Афғонистон эҳдо кард
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бо супориши Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳо бо кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба самти ин кишвар равон шуд.
Дар ин бора Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар додааст.
Ба иттилои вай беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор шуданд.
“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати зарардидагон маводи ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу болопӯши зимистона, оби нӯшокӣ , ангиштсанг ва дигар ашёи заруриро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол намуд”, - қайд кардааст Шоҳин Самадӣ.
Чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии кишвар, бинобар ҳалокат ва маҷруҳ шудани шумораи зиёди мардум дар пайи заминларзаи шадид дар минтақаҳои шарқи Афғонистон ба мардуми ин кишвар паёми таслиятӣ ирсол кард.
“Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст”,- омадааст дар паёми тассалӣ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сиҳат шумори қурбониёни зилзила ахир дар шарқи Афғонистон ба се ҳазор нафар расидааст.
Тибқи гузориши ин Созмон дар зилзилаи ахир дар манотиқи шарқии Афғонистон ва дар вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Лағмон ва Нуристон наздик ба се ҳазор нафари ҷон бохта, чаҳор ҳазор нафари захмӣ шуда ва беш аз 84 ҳазор нафар таҳти таъсири ин зилзилаи қарор гирифтаанд.
Бино бар ин гузориши даст кам 16 маркази беҳдоштӣ дар чаҳор вилояти мазкур осеб дидаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳукумати ин кишвар дар охирин омори худ теъдоди ҷонбохтагони зилзила дар шарқи Афғонистонро ду ҳазор ва 205 тан эълом кардаанд.
Ҳамчунин ба гуфта онон дар ин замини ларзаи се ҳазор ва 640 тан маҷрӯҳ шудаанд .
Вай изофа кард, ки зилзила ҳамчунин 5412 хонаро вайрон кардааст.