Нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои тамрин озими Қирғизистон шуданд - видео

© Foto / Министерство Обороны Российской ФедерацииПерегруппировки Коллективных сил ОДКБ в Кыргызскую Республику для участия в учениях "Рубеж-2025"
Перегруппировки Коллективных сил ОДКБ в Кыргызскую Республику для участия в учениях Рубеж-2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Обуна шудан
Дар тамринҳои муштарак беш аз 2000 сарбоз аз Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Нерӯҳои зудамали дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ аз Белорус ба Қирғизистон дар доираи машқҳои "Сарҳад-2025"дубора ҷамъ мешаванд.
Дар ин бора, сардори ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, низомиёни Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия омодагӣ ба амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар обҳои Иссиқкӯлро машқ мекунанд.

Дар ин размоиш нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамрин хоҳад шуд.
Дар тамринҳои муштарак беш аз 2000 сарбоз аз Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд
Ёдовар мешавем, ки дар Белорус тамринҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд ва низомиёни тоҷик низ дар машқҳои “Муомила-2025”, “Ҷустуҷӯ-2025” ва “Эшелон-2025” ширкат карданд.
Учения ОДКБ Эшелон-2025  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Низомиёни тоҷик дар тамриноти СААД дифоъ аз ҳамлаи бесарнишинро машқ карданд
Амалиёти мазкур аз 31 август то 6 сентябр давом кард, ки дар он ба ҷуз аз ҳайати шахсӣ 450 адад аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба кор буда шуд.
Лентаи хабарҳо
0