https://sputnik.tj/20250505/dushanbe-grand-slam-tarikhi-joyi-avvali-pahlavononi-tojik-1067227533.html
"Dushanbe Grand Slam”-и таърихӣ: Ҷойи аввали паҳлавонони тоҷик бо 11 медал
"Dushanbe Grand Slam”-и таърихӣ: Ҷойи аввали паҳлавонони тоҷик бо 11 медал
Sputnik Тоҷикистон
Паҳшлавонони тоҷик дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam”, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса анҷом ёфт, 11 медал ба даст оварданд
2025-05-05T14:01+0500
2025-05-05T14:01+0500
2025-05-05T17:38+0500
дзюдо
мусобиқа
байналмилалӣ
душанбе
навигариҳои варзиши тоҷикистон
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067239995_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_30d994dfd7a381b60911379fb65bb75b.jpg.webp
Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 2-4-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.Дар рӯзи охири мусобиқа паҳлавонҳои тоҷик соҳиби се медал шуданд.Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо ҳунару маҳорати волои худ соҳиби медали тилло шуд.Дар рақобати финали Темур бо имтиёзи иппон ғалабаро бар ҷудокори озарӣ Ҷамол Ғамзатхонов ба даст овард.Ба иттилои федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин тиллои дуюми Темур дар мусобиқаҳои Гранд Слам буд. Сомону Муҳиддин низ барандаи нишони тилои Dushanbe Grand Slam шудандДар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо мағлуб кардани рақибон то ба финал омад ва онҷо аз паҳлавони ботаҷриба Ҷаъфар Костоев аз АМА шикаст хӯрда, соҳиби нишони нуқра гардид.Кароматулло Ҳакимов соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Дар рақобат барои нишони биринҷӣ Ҳакимов ғалабаро бар намояндаи Британия Кабир Оливер Барратт соҳиб шуд. Барои Кароматулло аввалин медал дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешуд .Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи охири мусобиқа 13 ҷудокори тоҷик баромад намуданд ва танҳо ба Темур, Ҷаҳонгир ва Кармотулло даст дод то соҳиби ҷоизаҳои мусобиқа гарданд.Дар мусобиқа 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҳисоби медалҳо Тоҷикистон бо 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои аввалро миёни 27 кишвари иштирокчӣ ишғол намуд.Озарбойҷон бо 4 медал дар ҷои дуюм ва Фаронса бо 7 медал дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд.Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар як мусобиқаи Гранд Слам 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст омад.медалҳои тиллоЭмомалӣ Нуралӣ (-66 кг),Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ,Сомон Маҳмадбеков (-81 кг),Темур Раҳимов (+100 кг),медалҳои нуқраМеҳрзод Суфиев (-60 кг),Обид Ҷебов (-66 кг),Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг)медалҳои биринҷӣМадина Қурбонзода (-52 кг),Ёсин Бобокалонов (-66 кг),Абубакр Шеров (-73 кг),Кароматулло Ҳакимов (-100 кг).Ҳамзамон рӯйдоди дигари таърихӣ дар ин мусобиқа ин медали биринҷии Мадина Қурбонзода буд. Мадина аввалин бонуи ҷудокори тоҷик шуд, ки дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиби медал гардид.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067239995_145:0:1585:1080_1920x0_80_0_0_50417e1703e73af8c144fd08dca6674e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷудо, dushanbe grand slam, паҳлавон, варзиш, мусобиқа, байналмилалӣ
тоҷикистон, ҷудо, dushanbe grand slam, паҳлавон, варзиш, мусобиқа, байналмилалӣ
"Dushanbe Grand Slam”-и таърихӣ: Ҷойи аввали паҳлавонони тоҷик бо 11 медал
14:01 05.05.2025 (Навсозишуда: 17:38 05.05.2025) Паҳшлавонони тоҷик дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam”, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса анҷом ёфт, 11 медал ба даст оварданд
Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 2-4-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар рӯзи охири мусобиқа паҳлавонҳои тоҷик соҳиби се медал шуданд.
Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо ҳунару маҳорати волои худ соҳиби медали тилло шуд.
Дар рақобати финали Темур бо имтиёзи иппон ғалабаро бар ҷудокори озарӣ Ҷамол Ғамзатхонов ба даст овард.
Ба иттилои федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин тиллои дуюми Темур дар мусобиқаҳои Гранд Слам буд.
Дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо мағлуб кардани рақибон то ба финал омад ва онҷо аз паҳлавони ботаҷриба Ҷаъфар Костоев аз АМА шикаст хӯрда, соҳиби нишони нуқра гардид.
Кароматулло Ҳакимов соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Дар рақобат барои нишони биринҷӣ Ҳакимов ғалабаро бар намояндаи Британия Кабир Оливер Барратт соҳиб шуд. Барои Кароматулло аввалин медал дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешуд .
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи охири мусобиқа 13 ҷудокори тоҷик баромад намуданд ва танҳо ба Темур, Ҷаҳонгир ва Кармотулло даст дод то соҳиби ҷоизаҳои мусобиқа гарданд.
Дар мусобиқа 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҳисоби медалҳо Тоҷикистон бо 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои аввалро миёни 27 кишвари иштирокчӣ ишғол намуд.
Озарбойҷон бо 4 медал дар ҷои дуюм ва Фаронса бо 7 медал дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар як мусобиқаи Гранд Слам 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст омад.
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ,
Сомон Маҳмадбеков (-81 кг),
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг)
Мадина Қурбонзода (-52 кг),
Ёсин Бобокалонов (-66 кг),
Кароматулло Ҳакимов (-100 кг).
Ҳамзамон рӯйдоди дигари таърихӣ дар ин мусобиқа ин медали биринҷии Мадина Қурбонзода буд. Мадина аввалин бонуи ҷудокори тоҷик шуд, ки дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиби медал гардид.