https://sputnik.tj/20250911/najot-kuhnavard-rus-kuh-panjakent-1071083746.html
Наҷоти кӯҳнаварди рус дар кӯҳҳои Панҷакент
Наҷоти кӯҳнаварди рус дар кӯҳҳои Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Кӯҳнаварди рус аз баландӣ сарозер шуда пояшро шикастааст ва дигар натавонистааст ҳаракат кунад
2025-09-11T16:25+0500
2025-09-11T16:25+0500
2025-09-11T16:41+0500
дар тоҷикистон
сайёҳон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯҳнавард
кӯҳнавардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071080301_0:369:750:791_1920x0_80_0_0_4ac949a64b461b0ca8332caf05fff5cb.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон як сайёҳи русро, ки ҳангоми баромадан ба кӯҳ ҷароҳатдор шуд, наҷот доданд.Наҷотдиҳандагон ба сайёҳи 44-сола аз Екатеринбург Антон Телитсин, ки дар пайи сарозер шудан аз баландӣ дар кӯҳҳо дар шимолу ғарби кишвар пояш шикастааст, кумак расониданд. Гурӯҳи вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони вилояти Суғд дар водии Зарафшон мегӯянд, кӯҳнаварди рус аз баландӣ сарозер шуда, ҷароҳат бардоштааст.Ҳамин тариқ, ба наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки ҳангоми сафар дар минтақаи деҳаи Вору як сайёҳи хориҷӣ дар кӯҳ осеб дидааст. Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо карданд.Айни ҳол саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад. Аз 21-уми март дар Тоҷикистон як телефони боварӣ барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ фаъолият мекунад. Операторҳо ба полиси сайёҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дархост ирсол мекунанд. Коркунони шуъбахо ба туристон ёрии зарурй мерасонанд.
https://sputnik.tj/20250713/bozdid-sayyohon-tojikiston-beshtar-beshtar-idm-1068919394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071080301_0:343:750:906_1920x0_80_0_0_d658477386f9dace2ddcb4d6963d3998.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷот, кӯҳнаварди рус, кӯҳҳои панҷакент
наҷот, кӯҳнаварди рус, кӯҳҳои панҷакент
Наҷоти кӯҳнаварди рус дар кӯҳҳои Панҷакент
16:25 11.09.2025 (Навсозишуда: 16:41 11.09.2025) Кӯҳнаварди рус аз баландӣ сарозер шуда пояшро шикастааст ва дигар натавонистааст ҳаракат кунад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон як сайёҳи русро, ки ҳангоми баромадан ба кӯҳ ҷароҳатдор шуд, наҷот доданд.
Наҷотдиҳандагон ба сайёҳи 44-сола аз Екатеринбург Антон Телитсин, ки дар пайи сарозер шудан аз баландӣ дар кӯҳҳо дар шимолу ғарби кишвар пояш шикастааст, кумак расониданд.
Гурӯҳи вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони вилояти Суғд дар водии Зарафшон мегӯянд, кӯҳнаварди рус аз баландӣ сарозер шуда, ҷароҳат бардоштааст.



Ҳамин тариқ, ба наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки ҳангоми сафар дар минтақаи деҳаи Вору як сайёҳи хориҷӣ дар кӯҳ осеб дидааст. Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо карданд.
"Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд. Сипас, ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ фароварда, ба Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол доданд ва барои табобат бистарӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Айни ҳол саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.
Аз 21-уми март дар Тоҷикистон як телефони боварӣ барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ фаъолият мекунад.
Операторҳо ба полиси сайёҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дархост ирсол мекунанд.
Коркунони шуъбахо ба туристон ёрии зарурй мерасонанд.