https://sputnik.tj/20250713/bozdid-sayyohon-tojikiston-beshtar-beshtar-idm-1068919394.html
Боздиди сайёҳон аз Тоҷикистон бештар шудааст: бештар аз ИДМ
Боздиди сайёҳон аз Тоҷикистон бештар шудааст: бештар аз ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Аз шумораи умумии сайёҳон наздики 700 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд, афзудааст Кумитаи сайёҳӣ
2025-07-13T10:30+0500
2025-07-13T10:30+0500
2025-07-13T10:30+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
омор
кумитаи сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, — 13 июл Sputnik. Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор сайёҳ боздид кардаанд.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 181 ҳазо нафар бештар будааст.Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои пешакии оморияш иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии сайёҳон наздики 700 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд.Шумораи сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур ба кишвар ворид шудаанд ба 59,8 ҳазор мерасад.Ин ниҳод мегӯяд, тайи ин муддат дар умум ба кишвар ҳудуди 924 ҳазор нафар ворид шудаанд.Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.
https://sputnik.tj/20250709/rushd-sayyohi-dokhili-vilotya-khatlon-1068725165.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздид сайёҳон тоҷикистон бештар идм
боздид сайёҳон тоҷикистон бештар идм
Боздиди сайёҳон аз Тоҷикистон бештар шудааст: бештар аз ИДМ
Аз шумораи умумии сайёҳон наздики 700 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд, афзудааст Кумитаи сайёҳӣ
ДУШАНБЕ, — 13 июл Sputnik. Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор сайёҳ боздид кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 181 ҳазо нафар бештар будааст.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои пешакии оморияш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии сайёҳон наздики 700 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд.
Шумораи сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур ба кишвар ворид шудаанд ба 59,8 ҳазор мерасад.
Ин ниҳод мегӯяд, тайи ин муддат дар умум ба кишвар ҳудуди 924 ҳазор нафар ворид шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.
Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.