https://sputnik.tj/20250911/gardish-kolo-rusiya-tojikiston-afzoish-1071084288.html
Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон 12% афзоиш ёфт
Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон 12% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 70 субекти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ доранд
2025-09-11T17:28+0500
2025-09-11T17:28+0500
2025-09-11T17:28+0500
иқтисод
гардиши молу коло
дар тоҷикистон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071086459_0:427:2881:2048_1920x0_80_0_0_cd25c606296b8be43c36759aae51e604.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Русия ва Тоҷикистон 12% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин рақам дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ беш аз 1, 252 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12% бештар аст. Намояндаи тиҷоратӣ ба ҳамкориҳои минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон махсусан таъкид кард."Дар ҳоли ҳозир беш аз 70 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ доранд, дар бахшҳои мухталиф беш аз 80 созишнома баста шудааст", - гуфт намояндаи тиҷорат. Вай аз рӯи ҳаҷми содирот минтақаҳои пешқадами Русияро номбар кард: Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Челябинск, вилоятҳои Маскав, Свердловск, Воронеж ва Тюмен, кишвари Краснодар ва Тотористон. Намояндаи тиҷоратии Русия гуфт, ҳайатҳои манотиқи Русия дар форумҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон - дар Вилояти Суғд ва ВМКБ баргузор мешаванд, фаъолона ширкат мекунанд.Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ дар ҳошияи намоишгоҳ ва ҳамоиши байналмилалии “Суғд” беш аз 70 созишнома имзо шуд.Тавре муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: ҚазонФорум" хабар дод, Русия қасд дорад ҳаҷми муомилот бо Тоҷикистонро ба беш аз 2 млрд доллар расонад. Ва ин рақам дар сурати ҳалли мушкилоти логистикӣ ва тиҷоратӣ ниҳоӣ нахоҳад буд, гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20250516/rusiya-niyat-taboduli-kolo-tojikiston-1067359227.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071086459_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5f6380a97a7cbf552bf722e06d38a84c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гардиши коло, русия, тоҷикистон, афзоиш
гардиши коло, русия, тоҷикистон, афзоиш
Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон 12% афзоиш ёфт
Беш аз 70 субекти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ доранд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Русия ва Тоҷикистон 12% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин рақам дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ беш аз 1, 252 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12% бештар аст.
"Ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июл 22,4% буд", - гуфт Рибас.
Намояндаи тиҷоратӣ ба ҳамкориҳои минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон махсусан таъкид кард.
"Дар ҳоли ҳозир беш аз 70 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ доранд, дар бахшҳои мухталиф беш аз 80 созишнома баста шудааст", - гуфт намояндаи тиҷорат.
Вай аз рӯи ҳаҷми содирот минтақаҳои пешқадами Русияро номбар кард: Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Челябинск, вилоятҳои Маскав, Свердловск, Воронеж ва Тюмен, кишвари Краснодар ва Тотористон.
Намояндаи тиҷоратии Русия гуфт, ҳайатҳои манотиқи Русия дар форумҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон - дар Вилояти Суғд ва ВМКБ баргузор мешаванд, фаъолона ширкат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ дар ҳошияи намоишгоҳ ва ҳамоиши байналмилалии “Суғд” беш аз 70 созишнома имзо шуд.
Тавре муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: ҚазонФорум" хабар дод, Русия қасд дорад ҳаҷми муомилот бо Тоҷикистонро ба беш аз 2 млрд доллар расонад.
Ва ин рақам дар сурати ҳалли мушкилоти логистикӣ ва тиҷоратӣ ниҳоӣ нахоҳад буд, гуфт ӯ.