Русия ният дорад табодули коло бо Тоҷикистонро ба 2 млрд. доллар расонад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра экономического развития РФ Дмитрий Вольвач
Заместитель министра экономического развития РФ Дмитрий Вольвач - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Обуна шудан
Мақомоти Русия бар он аст, ки дар сурати ҳалли масъалаҳои логистикӣ ва тиҷорӣ ҳамҷми додугирифтро бо Тоҷикистон метавон ба маротиб афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Русия ният бо Тоҷикистонро бештар аз 2 миллард доллар додугирифт кунад.
Дар ин бора муовини вазири рушди иктисодии Русия Дмитрий Волвач хабар дод.
Вай гуфт, ки дар сурати ҳал намудани масъалаҳои логистикӣ ва тиҷорӣ ин рақам ниҳоӣ нахзоҳад буд.
"Дар баробари гардиши сайёҳон тиҷорат афзоиш меёбад. Мо орзу ва хоҳиши фаротар аз тиҷорати ду миллиард доллариро дорем. То кунун тиҷорати мо аз якуним миллиард бештар аст", - гуфт оқои Волвач зимни суханронӣ дар Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum".
Муовини вазир афзуд, агар кишварҳо масъалаҳои логистикиро ҳал кунанд ва монеаҳои тиҷорӣ ва тарифавиро аз байн баранд, тиҷорати дар ҳаҷми 2 ва 2,5 миллиард, рақами ниҳоӣ нахоҳад буд.
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2025
70% меваҳои хушки Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон содирот мешаванд
Дар авоили моҳи март Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, кишварашро аз бузургтарин шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон номид.
Вай гуфта буд, ки табодули коло миёни ду кишвар дар соли 2024 беш аз 7% афзуда, ба 1,5 миллиард доллар расид.
Лентаи хабарҳо
0