https://sputnik.tj/20250910/tojikiston-hamla-isroil-qatar-mahkum-1071051435.html
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеона маҳкум кард
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеона маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳамлаи мушакии рӯзи 9 сентябр ба шаҳри Доҳаро амали таҷовузи зидди тамомияти арзии давлати Қатар медонад
2025-09-10T18:21+0500
2025-09-10T18:21+0500
2025-09-10T18:39+0500
вух-и тоҷикистон
дар тоҷикистон
қатар
сиёсат
маҳкум кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеона маҳкум кард.Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфта мешавад. Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ин амалҳоро шадидан маҳкум мекунад. Вазорати хориҷаи кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори истифода аз роҳҳои дипломатӣ ва музокирот ҳамчун василаи муассир барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва низоъҳо мебошад.Нерӯҳои дифои Исроил рӯзи 9 сентябр аз оғози амалиёти "Қуллаи оташин" хабар доданд ва ба мақомоти баландпояи ҷунбиши Ҳамос дар Давҳа зарба заданд. Расонаҳои арабӣ аз марги чаҳор мақомдори баландпояи Ҳамос хабар доданд, дар ҳоле ки Қатар амалҳои Исроилро ғайриқобили қабул ва ҷинояткорӣ номид. Рӯзномаи Israel Hayom таъкид кардааст, ки мақомоти Исроил қабл аз зарба ба раҳбарони ин ҷунбиш, ки дар пойтахти Қатар буданд, Амрико ва Қатарро ҳушдор додаанд. Дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки Исроил мустақилона амалиётро барои аз байн бурдани раҳбарони Ҳамос тарҳрезӣ ва анҷом додааст ва масъулияти онро бар дӯш дорад. Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки баъд аз ҳамлаҳои Исроил ба Қатар бо Нетаняҳу гуфтугӯ карда ва онро "ҳодисаи тасодуфӣ" хонд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Русия ҳамлаи Исроил ба Давҳа, пойтахти Қатарро нақзи қонунҳои байналмилалӣ медонад ва аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки аз авҷ гирифтани авзоъ ҷилавгирӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20250706/hol-havo-tehron-hamalot-havoi-isroil-aksho-1068667288.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамлаи исроил, қатар, маҳкум
тоҷикистон, ҳамлаи исроил, қатар, маҳкум
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеона маҳкум кард
18:21 10.09.2025 (Навсозишуда: 18:39 10.09.2025) Тоҷикистон ҳамлаи мушакии рӯзи 9 сентябр ба шаҳри Давҳаро амали таҷовузи зидди тамомияти арзии давлати Қатар медонад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеона маҳкум кард.
Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфта мешавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ин амалҳоро шадидан маҳкум мекунад.
"Ин амал нақзи возеҳи қонуни байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии Оинномаи СММ мебошад, ки ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи Ховари Миёнаро афзоиш медиҳад.", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Вазорати хориҷаи кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори истифода аз роҳҳои дипломатӣ ва музокирот ҳамчун василаи муассир барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва низоъҳо мебошад.
Нерӯҳои дифои Исроил рӯзи 9 сентябр аз оғози амалиёти "Қуллаи оташин" хабар доданд ва ба мақомоти баландпояи ҷунбиши Ҳамос дар Давҳа зарба заданд.
Расонаҳои арабӣ аз марги чаҳор мақомдори баландпояи Ҳамос хабар доданд, дар ҳоле ки Қатар амалҳои Исроилро ғайриқобили қабул ва ҷинояткорӣ номид.
Рӯзномаи Israel Hayom таъкид кардааст, ки мақомоти Исроил қабл аз зарба ба раҳбарони ин ҷунбиш, ки дар пойтахти Қатар буданд, Амрико ва Қатарро ҳушдор додаанд.
Дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки Исроил мустақилона амалиётро барои аз байн бурдани раҳбарони Ҳамос тарҳрезӣ ва анҷом додааст ва масъулияти онро бар дӯш дорад.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки баъд аз ҳамлаҳои Исроил ба Қатар бо Нетаняҳу гуфтугӯ карда ва онро "ҳодисаи тасодуфӣ" хонд.
Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Русия ҳамлаи Исроил ба Давҳа, пойтахти Қатарро нақзи қонунҳои байналмилалӣ медонад ва аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки аз авҷ гирифтани авзоъ ҷилавгирӣ кунанд.