
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Бархости шер"-ро оғоз кард ва ҳамла ба Эронро оғоз кард, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир, ҳадафи онро аз байн бурдани таҳдиде хонд, ки гӯё Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод кардааст.

Манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла Теҳрон, зери зарба қарор гирифт, ки дар он афсарони олирутба ва ҳамзамон олимони бахши ҳастаӣ кушта шуданд. Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд.

Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят номид ва гуфт, Тел-Авив бо сарнавишти талх ва даҳшатнок рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар посух ба бомбаборон аз Тел-Авив, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.

Ҳоло мақомоти Эрон хисороти ворида дар Теҳронро пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил арзёбӣ мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор нафар қурбони ҳамлаҳои мушакӣ шудаанд.

Теъдоди захмиёни ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил аз 7 ҳазор нафар гузашт.

Тибқи маълумоти ахир, Эрон дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза бо Исроил ба панҷ иншооти низомии ин кишвар зарба зад.