https://sputnik.tj/20250910/rusiya-markaz-logistiki-ukraina-1071040718.html
Нерӯҳои Русия ба маркази логистикии артиши Украина дар Одесса зарба заданд
Нерӯҳои Русия ба маркази логистикии артиши Украина дар Одесса зарба заданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Одесса ба маркази логистикии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо борҳои низомӣ зарба зада шуд
2025-09-10T18:02+0500
2025-09-10T18:02+0500
2025-09-10T18:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
зарба
амалиёт
нерӯҳои мусаллаҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070415685_0:207:3099:1950_1920x0_80_0_0_2dc6fcb42cc4a04321edd227abaad0cb.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба як маркази бузурги логистикии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо борҳои низомӣ дар вилояти Одесса зарба заданд.Дар ин бора, ҳамоҳангсоз Сергей Лебедев ба РИА Новости хабар додааст."Вилково як шаҳре дар назди дарёи Дунай буда, дар он тарафи рӯдхонаи Руминия ҷойгир аст, ки аз он пайваста борҳои низомӣ тавассути паромҳо фиристода мешаванд. Фурудгоҳи чархбол ба ҳеҷ ваҷҳ холӣ нест. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳадди ақал даҳ чархбол доимӣ дар хидмат қарор дорад", - гуфт ӯ.Лебедев қайд кард, ки низомиён инчунин ба собиқ зиндони №141, ки ба урдугоҳи таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Украина табдил ёфтааст ва корхонаи истеҳсоли қисмҳои ҳавопаймои бесарнишин низ ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо таркиши тӯлонӣ сабт шудааст."Дар ҳоли ҳозир пизишкони ҷониби Руминия онҳоеро, ки шояд зинда монда бошанд, кофта ва ба Руминия интиқол медиҳанд. Пешакӣ аз яке аз паромҳо ҳудуди 50 халтаи боқимонда берун оварда шуд", - афзуд ҳамсуҳбати оҷонсӣ.Ба навиштаи расонаҳои украинӣ, дар вилоятҳои Киев, Лвов, Виннитса, Ровно, Житомир, Хмелнитский ва Ивано-Франковск низ шабона таркишҳо садо доданд. Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков борҳо таъкид кардааст, ки низомиёни Русия ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ҳамла намекунад.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Нерӯҳои гурӯҳи "Восток" зархаридони украиниро нобуд кардандБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250731/rusiya-chasov-yar-ozod-1069627246.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070415685_368:0:3099:2048_1920x0_80_0_0_0a7a592d05ab8a9fcd3fa2b28196093c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯҳои русия, маркази логистикӣ, украина
нерӯҳои русия, маркази логистикӣ, украина
Нерӯҳои Русия ба маркази логистикии артиши Украина дар Одесса зарба заданд
Дар вилояти Одесса ба маркази логистикии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо борҳои низомӣ зарба зада шуд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба як маркази бузурги логистикии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо борҳои низомӣ дар вилояти Одесса зарба заданд.
Дар ин бора, ҳамоҳангсоз Сергей Лебедев ба РИА Новости хабар додааст.
"Вилково як шаҳре дар назди дарёи Дунай буда, дар он тарафи рӯдхонаи Руминия ҷойгир аст, ки аз он пайваста борҳои низомӣ тавассути паромҳо фиристода мешаванд. Фурудгоҳи чархбол ба ҳеҷ ваҷҳ холӣ нест. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳадди ақал даҳ чархбол доимӣ дар хидмат қарор дорад", - гуфт ӯ.
Лебедев қайд кард, ки низомиён инчунин ба собиқ зиндони №141, ки ба урдугоҳи таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Украина табдил ёфтааст ва корхонаи истеҳсоли қисмҳои ҳавопаймои бесарнишин низ ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо таркиши тӯлонӣ сабт шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир пизишкони ҷониби Руминия онҳоеро, ки шояд зинда монда бошанд, кофта ва ба Руминия интиқол медиҳанд. Пешакӣ аз яке аз паромҳо ҳудуди 50 халтаи боқимонда берун оварда шуд", - афзуд ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Ба навиштаи расонаҳои украинӣ, дар вилоятҳои Киев, Лвов, Виннитса, Ровно, Житомир, Хмелнитский ва Ивано-Франковск низ шабона таркишҳо садо доданд.
Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков борҳо таъкид кардааст, ки низомиёни Русия ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ҳамла намекунад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.