https://sputnik.tj/20250910/muhlat-qonunigardoni-muhojiron-rusiya-1071032946.html
Анҷоми муҳлат барои қонунигардонии мақоми муҳоҷирон дар Русия
Анҷоми муҳлат барои қонунигардонии мақоми муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Аз 11 сентябр нисбати хориҷиёне, ки ин корро накарданд, ихроҷ ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, аз ҷумла вуруд ба Русия дар оянда татбиқ хоҳанд шуд
2025-09-10T14:19+0500
2025-09-10T14:19+0500
2025-09-10T15:52+0500
муҳоҷират
дар русия
қонун
нақзи қонун
депорт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070982052_0:38:3507:2011_1920x0_80_0_0_ecfda5e743f595940a8c40f2e1867641.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Муҳлати танзими вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба охир расид.Хадамоти муҳоҷирати ВКД иттилоъ дод, ки аз 11 сентябр танзими вазъи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст ва аз он рӯз то ихроҷи онҳо аз Русия чораҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, аз ҷумла манъи вуруд ба кишвар, андешида мешаванд.Ҳамчунин, маълумот дар бораи онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешавад. Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ Путин як фармоне содир карда буд, ки имкони танзими мақоми ҳуқуқии ғайриқонуниро то 10 сентябр тамдид кард.Аз 5 феврал дар Русия барои хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар будубош мекунанд, низоми муҳоҷирати ихроҷ ҷорӣ шуд. Онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешаванд. Режими ихроҷ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни муҳоҷирони ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, онҳо наметавонанд: Инчунин, шахси назоратшаванда бояд вақти гирифтани фамрон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳлати муқарраршуда ҳозир шуда, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунро риоя намояд.ВКД Тоҷикистон рӯйхати афроди ғайриқонунӣ дар Русия бударо дарёфт кардДар сурати нақзи такрории (ду маротиба ва зиёда) қоидаҳо аз ҷониби муҳоҷир, ӯро депортатсия ё ҷойгир кардан дар муассисаи махсуси мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ интизор аст.
https://sputnik.tj/20250908/tojikiston-muhojiron-markaz-imtihon-zaboni-rusi-1070982361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070982052_389:0:3120:2048_1920x0_80_0_0_c9eabbf83abd190e2f8c472152bcce75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳлат, қонунигардонии мақоми муҳоҷирон, русия
муҳлат, қонунигардонии мақоми муҳоҷирон, русия
Анҷоми муҳлат барои қонунигардонии мақоми муҳоҷирон дар Русия
14:19 10.09.2025 (Навсозишуда: 15:52 10.09.2025) Аз 11 сентябр нисбати хориҷиёне, ки буду боши худро қонунӣ накардаанд, ихроҷ ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, татбиқ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Муҳлати танзими вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба охир расид.
Хадамоти муҳоҷирати ВКД иттилоъ дод, ки аз 11 сентябр танзими вазъи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст ва аз он рӯз то ихроҷи онҳо аз Русия чораҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, аз ҷумла манъи вуруд ба кишвар, андешида мешаванд.
Ҳамчунин, маълумот дар бораи онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешавад.
Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ Путин як фармоне содир карда буд, ки имкони танзими мақоми ҳуқуқии ғайриқонуниро то 10 сентябр тамдид кард.
"Шаҳрвандони хориҷӣ, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд ва муҳлати иҷозати будубоши худро ба муддати беш аз 90 рӯз тамдид накардаанд (тамоми сафарҳо ба Русия аз 1 январи соли 2025 ба инобат гирифта мешавад), бояд то 11 сентябр аз кишвар хориҷ шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Аз 5 феврал дар Русия барои хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар будубош мекунанд, низоми муҳоҷирати ихроҷ ҷорӣ шуд. Онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешаванд.
Режими ихроҷ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни муҳоҷирони ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, онҳо наметавонанд:
бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷои истиқомат ва ё будубоши худро иваз кунанд;
тарк кардани минтақаи иқомат;
бақайдгирии амволи ғайриманқул дар феҳристи кадастри;
кушодани суратҳисоби бонкӣ ва дигар амалиёти бонкиро анҷом диҳад.
Инчунин, шахси назоратшаванда бояд вақти гирифтани фамрон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳлати муқарраршуда ҳозир шуда, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунро риоя намояд.
Дар сурати нақзи такрории (ду маротиба ва зиёда) қоидаҳо аз ҷониби муҳоҷир, ӯро депортатсия ё ҷойгир кардан дар муассисаи махсуси мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ интизор аст.