Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марказҳои супоридани имтиҳонҳои забони русӣ боз мешавад

© Foto / Национальный Центр тестирования ТаджикистанаТестирование. Архивное фото
Тестирование. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2025
Обуна шудан
Марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият хоҳанд кард. Дар онҷо ҳамчунин аз таърих ва асосҳои қонунгузории Русия маълумот хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Томск дар Тоҷикистон марказҳои супоридани имтиҳонҳои забони русиро ифтитоҳ хоҳад кард.
Дар ин бора Донишкаждаи фосилавии Донишгоҳи Давлатии Томск хабар додааст.
Дар ин Марказҳо қарор аст, муҳоҷирони меҳнатиро барои кор ва зиндагӣ дар ҳудуди Русия омода намоянд.
Марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият хоҳанд кард. Ин тасмим дар пайи сафари ҳайати вилояти Томск ба ин шаҳрҳо гирифта шудааст.
Ҷонибҳо дар мавриди таъсиси марказҳои тестӣ аз фанни забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ба тавофуқ расиданд.
"Марказҳо дар оянда як қатор хизматрасониҳоро пешниҳод хоҳанд кард: омӯзиши забони русӣ, имтиҳонҳо, роҳнамоии касбӣ, инчунин курсҳо дар самтҳои мавриди ниёзи корфармоён", - гуфт Евгения Хлистова, муовини директори Донишкадаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Томск.
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2025
Маълум шуд, ки соли равон чӣ қадар тоҷикистонӣ барои кор ба Русия рафтааст
Ин иқдом аллакай аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Россотрудничество дастгирӣ ёфтааст.
Барои бозшавии марказҳо бяод биноҳо пешниҳод шаванд. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Томскро баррасӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0