Вазорати меҳнат: Дар Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бекорон соҳиби ҷойи кор шудаанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаШвейная фабрика "Гарди" в Душанбе
Швейная фабрика Гарди в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2025
Обуна шудан
Дар даврони истиқлолият дар корхонав ва коргоҳҳо истеҳсолии Тоҷикистон чанд миллион ҷойи корӣ нав таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва ҳунармандӣ рушд карда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфтааст.
Вай гуфт, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3 млн. 716 ҳазору 985 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, беш аз 1 млн. 182 ҳазору 580 нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Дар муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат 485,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон аз тайёрии касбӣ гузаштанд.
Хонум Холмаҳмадзода афзуд, дар доираи лоиҳаи “Такмили маҳорати касбӣва имконоти шуғли аҳолӣ” дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун, Данғара ва Восеъ 6 маркази нави ба стандартҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуданд.
Поздравительное послание Эмомали Рахмона по случаю 34-й годовщины государственной независимости республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2025
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти табрик гуфт
Илова бар ин, барномаи "Системаи ягонаи миллии иттилоотии бозори меҳнат" таҳия ва амалӣ карда мешавад.
То имрӯз, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои гузаштан ба системаи рақамии хизматрасонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст, афзуд вазир.
Лентаи хабарҳо
0