Дар рӯзи истиқлолият Маскав бо парчамҳои Тоҷикистон оро дода мешавад

© Foto / Посольство республики Таджикистан в Российской ФедерацииПразднование Дня Независимости Таджикистана в Москве. Архивное фото
Празднование Дня Независимости Таджикистана в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи Маскав бо лавҳаҳои ҷашнӣ ва рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро меёбанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои баладошёнаи ва фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, парчами давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Парчам аз ҷумла дар фурудгоҳи Домодедово ва Внуково намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар хиёбони Арбат ба ифтихори ин санаи фархунда Парчами давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 9 сентябри соли 2025 шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Тавре сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ, гуфт шаршараи Ниагара 9 сентябри соли 2025, соати 07:00 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:00 (бо вақти Ню-Йорк) бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Празднование Дня Государственной независимости Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Таҷлили бо шукуҳи ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав - акс
Дар баробари фурӯзон гардидани Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушакпаронии ҷолиб низ пешкаш карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои соли гузашта биноҳои баландошёна ва фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бо парчами Тоҷикистон оро ёфта буданд.
Ҳамчунин солҳои 2023 ва 2024 низ ба муносибати Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0