https://sputnik.tj/20250907/surat-internet-vmkb-baland-video-1070954732.html
Суръати интернет дар ВМКБ баланд ва нархаш паст мешавад - Видео
Суръати интернет дар ВМКБ баланд ва нархаш паст мешавад - Видео
Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷиктелеком" қасд дорад бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, ба хусус дар релефи ҷуғрофии мураккаби ВМКБ-ро, аз байн барад
2025-09-07T14:03+0500
2025-09-07T14:03+0500
2025-09-07T14:03+0500
хадамоти алоқа
алоқа
видео
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070968781_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_6deb01dffed8cf962f4147c0d7c41a38.jpg
Ба ин мақсад феълан насби симчубҳо ва пайвастсозии хатти нахи нурӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз идома дорад. Кашидани хатти нахи нурӣ то марзи Чин дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал то ноҳияи Дарвоз дар масофаи 182 киллометр симчубҳои алоҳида насб гардида, дар қитъаҳои дигар ба воситаи симчубҳои неруи барқ хатти нахи нурӣ кашида мешавад. Муовини аввали мудири "Тоҷиктелеком” Бахтовар Абдусатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, корҳои пайвастсозӣ то охири соли равон ба маркази ноҳияи Дарвоз расонида мешавад. Пас аз итмоми марҳилаи аввал ба воситаи ин хатти нахи нурӣ интиқоли интернет аз Душанбе ба Дарвоз шуруъ шуда, барои бештар намудани трафики интернет ва устувории канали захиравӣ хизмат хоҳад кард. Марҳилаи дуюм аз аввали соли 2026 шуруъ шуда, дар назар аст, ки то охири сол ба сарҳади Тоҷикистону Чин расонида мешавад. Ҳадафи он пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин мебошад. Ин пайвастшавӣ барои паст намудани арзиш ва баланд бурдани суръати интернет дар кишвар муосидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250723/tojikiston-internet-balandu-qimatash-poyon-1069247212.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/08/1070968781_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_1477b7314bbf997288e4ab6ce04bbee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суръати интернет, вмкб, баланд
суръати интернет, вмкб, баланд
Суръати интернет дар ВМКБ баланд ва нархаш паст мешавад - Видео
"Тоҷиктелеком" қасд дорад бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, ба хусус дар релефи ҷуғрофии мураккаби ВМКБ-ро, аз байн барад
Ба ин мақсад феълан насби симчубҳо ва пайвастсозии хатти нахи нурӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз идома дорад.
Кашидани хатти нахи нурӣ то марзи Чин дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад.
Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал то ноҳияи Дарвоз дар масофаи 182 киллометр симчубҳои алоҳида насб гардида, дар қитъаҳои дигар ба воситаи симчубҳои неруи барқ хатти нахи нурӣ кашида мешавад.
Муовини аввали мудири "Тоҷиктелеком” Бахтовар Абдусатторов дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфт, корҳои пайвастсозӣ то охири соли равон ба маркази ноҳияи Дарвоз расонида мешавад.
Пас аз итмоми марҳилаи аввал ба воситаи ин хатти нахи нурӣ интиқоли интернет аз Душанбе ба Дарвоз шуруъ шуда, барои бештар намудани трафики интернет ва устувории канали захиравӣ хизмат хоҳад кард.
Марҳилаи дуюм аз аввали соли 2026 шуруъ шуда, дар назар аст, ки то охири сол ба сарҳади Тоҷикистону Чин расонида мешавад.
Ҳадафи он пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин мебошад.
Ин пайвастшавӣ барои паст намудани арзиш ва баланд бурдани суръати интернет дар кишвар муосидат хоҳад кард.