https://sputnik.tj/20250723/tojikiston-internet-balandu-qimatash-poyon-1069247212.html
Дар Тоҷикистон суръати интернет баланду қиматаш поён рафт
Дар Тоҷикистон суръати интернет баланду қиматаш поён рафт
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқи Тоҷикистон аз пастшавии қимати интернет ва тезтар шудани сурхати он гузориш дод
2025-07-23T12:33+0500
2025-07-23T12:33+0500
2025-07-23T12:36+0500
хадамоти алоқа
интернет
дар тоҷикистон
суръат
трафики интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/17/1067445314_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_7b19fd6a1b597b00e450f504b45307cd.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с то 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллар расид.Дар ин бора, Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ба гуфти ӯ, раванди мазкур идома ёфта, аз 15 июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ бошад, зарфи шаш моҳ 600 ҳазор нафар афзудааст.Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар кишвар 5,1 млн истифодабарандаи интернет аст, ки аз ин шумора 4,9 млн нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 24 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин мегардад."Ҳамроҳ шавед!”: Ифтитоҳи аввалин IXP дар ТоҷикистонБино ба гузориши Исфандиёри Саъдулло, шумораи манораҳои алоқа дар Тоҷикистон дар шаш моҳ панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 811 истгоҳи базавӣ насб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (157 адад) 516% зиёд аст. Агентӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки барои тавсеаи кори бефосилаи истгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 253,7 километр кабели нахи оптикӣ кашида шудааст.Баҳри таъмин намудани хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд аст харидории аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ амалӣ гардонида шудааст.Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 5569 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 2001 адад дизелгенератор ва панели офтобӣ бо иқтидори 16 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дорад ва то охири сол насб ё иваз намудани 1097 аккумуляторҳо ва насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори 1,2 МВт ба нақша гирифта шудаанд.Шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 млн нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 млн муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 млн муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20250428/khadamoti-aloqai-tojikiston-arzishi-internet-poyon-karda-shud-1067153344.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/17/1067445314_329:0:3060:2048_1920x0_80_0_0_28b964cda0f5b887e4e0d2d3cf7b3622.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суръат, интернет, тоҷикистон
суръат, интернет, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон суръати интернет баланду қиматаш поён рафт
12:33 23.07.2025 (Навсозишуда: 12:36 23.07.2025) Хадамоти алоқи Тоҷикистон аз пастшавии қимати интернет ва тезтар шудани суръати он гузориш дод
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с то 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллар расид.
Дар ин бора, Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, раванди мазкур идома ёфта, аз 15 июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ бошад, зарфи шаш моҳ 600 ҳазор нафар афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар кишвар 5,1 млн истифодабарандаи интернет аст, ки аз ин шумора 4,9 млн нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 24 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин мегардад.
Бино ба гузориши Исфандиёри Саъдулло, шумораи манораҳои алоқа дар Тоҷикистон дар шаш моҳ панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 811 истгоҳи базавӣ насб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (157 адад) 516% зиёд аст.
Агентӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки барои тавсеаи кори бефосилаи истгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 253,7 километр кабели нахи оптикӣ кашида шудааст.
Баҳри таъмин намудани хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд аст харидории аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ амалӣ гардонида шудааст.
Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 5569 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 2001 адад дизелгенератор ва панели офтобӣ бо иқтидори 16 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дорад ва то охири сол насб ё иваз намудани 1097 аккумуляторҳо ва насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори 1,2 МВт ба нақша гирифта шудаанд.
Шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 млн нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 млн муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 млн муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.