Муфтии Тоҷикистон аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанду ба зарардидагон кумак кунанд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2025
Обуна шудан
Имомхатибон дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки дар рӯзҳои ид навбатдории шабонарӯзӣ ташкил ва ҳар афроде, ки бо сумка меояд, манъ кунанд то онро дар берун гузорад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ҳангоми таҷлил аз Иди Қурбон даст ба исрофкорӣ назананд.
Ӯ зимни як ҷаласае бо имомхатибон гуфт, ки мардумро ба ин масъала хуб огаҳӣ диҳанд, дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо равона кунанд.
“Ба мардум фаҳмонидан лозим, ки ба сарфаю сариштакорӣ даст назананд. Ҳама дар як сатҳу сифат зиндагӣ намекунанд, барои баъзе афрод оростани дастархон мушкил аст ва ҳама чунин шароитро надорад”,- гуфт муфтӣ.
Раиси Шӯрои уламо афзуд, ки мардум ба ҷойи исрофкорӣ даст ба хайру эҳсон бизананд.
Вай афроди аз заминларза зарардида дар Рашту Тоҷикободро мисол овард, ки аз хона бехона шудаанду ниёзманди кумак ҳастанд.
“Онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва воқеан ниёзманди кумаканд. Тасаввур кунед, агар чунин мушкил болои ҳар яки мо бошад, чӣ кор мекунем? ”,- таъкид кард Абдулқодирзода.
Заглушка для инфографики Мусульманский календарь на 2024 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Ҳаҷ 2025: Ҳоҷиён бояд чиро донад
Номбурда дар хитоб ба имомхатибон гуфт, ки ташвиқу тарғиб кунанд, ки соҳибкорону ва афроди таво аз гӯштҳои қурбонияшон ба он зарардидагон бифристанд.
Ҳамчунин ӯ имомхатибонро вазифадор кард, ки навбатдории шабонарӯзиро дар рӯзҳои ид ба роҳ монанд.
“Бояд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кард. Навбатдорон ҳушёр бошанд ва доим гашту гузор кунанд. Бубинанд ягон шакку шубҳае бошад бисанҷанд”,- гуфт муфтӣ
Ба таъкиди Абдулқодирзода, ҳоло дар бисёр масҷидҳо бо бағоҷ медароянд ва дар ин рӯзҳо чунинҳоро манъ кунед, то дар берун гузоранд.
Ҳар чизе, ки даровардани ашёе дар дохили он эҳтимол аст, ҳатман манъ кунанд. Мо шояд аҳамият намедиҳем ба ин, аммо хеле муҳим аст ва инро бояд ҷиддӣ ба назар гирифт”,- гуфт раиси Шӯрои уламо дар хотима.
Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Иди Қурбон имсол ба 6 июн июн рост омада, намози ид соати 5:45-и субҳ гузошта мешавад
Лентаи хабарҳо
0