https://sputnik.tj/20250906/-tojikiston-ruz-istiqlol-jashn-1070908446.html
Маълум шуд, дар Тоҷикистон Рӯзи истиқлолро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Маълум шуд, дар Тоҷикистон Рӯзи истиқлолро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи истиқлол барномаҳои бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мешавад
2025-09-06T10:32+0500
2025-09-06T10:32+0500
2025-09-06T10:32+0500
дар тоҷикистон
истиқлол
душанбе
таҷлил
ид
рӯзи истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064274612_0:57:3072:1785_1920x0_80_0_0_bea7fc91741568bacaac05d2647bfc8a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон 34-умин солгарди Рӯзи истиқлолро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.Ҳамин тавр дар тамоми гӯшаю канори кишвар барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ, суҳбатҳову лексияҳо ва корҳои ободонӣ пешбинӣ шудаанд.Барномаи таҷлили Рӯзи истиқлол дар ДушанбеБарномаи асосии таҷлили Рӯзи истиқлол дар пойтахт, рӯзи 9 сентябр, соати 19:00 дар Майдони Истиқлол баргузор мешавад.Ин ҷо барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати фарҳанги шаҳрдорӣ.Аз 5 то 9 сентябр бошад, дар чор ноҳияи Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешаванд. Инчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлолият дар тамоми сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили ин ҷашн дар Душанбе тамоми нерую имконияти мақомот ба корҳои ободонию созандагӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагӣ равона карда мешавад.Барномаи таҷлил дар дигар шаҳру навоҳӣАз 7 то 9 сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.Дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳо ва назди биноҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва истиқлолият насб карда мешаванд.Ҳамчунин баргузории роҳпаймоӣ, ҳамоиш, конфронс, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳо ва барномаҳои бадеӣ-фарҳангӣ дар мавзуи "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг", "Истиқлолият", "Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол!" ва дигар мавзуъҳо баргузор мегарданд.Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт. Ҳамасола ба ин муносибат дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад. Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон истироҳатӣ буда, имсол тоҷикистониён дар остонаи ин ҷашн 3 рӯз таътил мекунанд.Ҳамчунин ҳамасола дар ин рӯз президенти Тоҷикистон суханронӣ намуда мардуми кишварро бо ин ҷашн муборакбод мегӯяд.
https://sputnik.tj/20250830/tojikistoniyon-jashni-istiqlol-se-ruz-istirohat-1070590187.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064274612_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_40f5cc43bebd829e8f6e877de34a0c4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлил, рӯзи истиқлол, тоҷикистон
таҷлил, рӯзи истиқлол, тоҷикистон
Маълум шуд, дар Тоҷикистон Рӯзи истиқлолро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи истиқлол барномаҳои бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон 34-умин солгарди Рӯзи истиқлолро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Ҳамин тавр дар тамоми гӯшаю канори кишвар барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ, суҳбатҳову лексияҳо ва корҳои ободонӣ пешбинӣ шудаанд.
Барномаи таҷлили Рӯзи истиқлол дар Душанбе
Барномаи асосии таҷлили Рӯзи истиқлол дар пойтахт, рӯзи 9 сентябр, соати 19:00 дар Майдони Истиқлол баргузор мешавад.
Ин ҷо барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати фарҳанги шаҳрдорӣ.
Аз 5 то 9 сентябр бошад, дар чор ноҳияи Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешаванд.
Инчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлолият дар тамоми сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.
Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили ин ҷашн дар Душанбе тамоми нерую имконияти мақомот ба корҳои ободонию созандагӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагӣ равона карда мешавад.
Барномаи таҷлил дар дигар шаҳру навоҳӣ
Аз 7 то 9 сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳо ва назди биноҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва истиқлолият насб карда мешаванд.
Ҳамчунин баргузории роҳпаймоӣ, ҳамоиш, конфронс, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳо ва барномаҳои бадеӣ-фарҳангӣ дар мавзуи "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг", "Истиқлолият", "Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол!" ва дигар мавзуъҳо баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт.
Ҳамасола ба ин муносибат дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад.
Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон истироҳатӣ буда, имсол тоҷикистониён дар остонаи ин ҷашн 3 рӯз таътил мекунанд.
Ҳамчунин ҳамасола дар ин рӯз президенти Тоҷикистон суханронӣ намуда мардуми кишварро бо ин ҷашн муборакбод мегӯяд.