https://sputnik.tj/20250830/tojikistoniyon-jashni-istiqlol-se-ruz-istirohat-1070590187.html
Тоҷикистониён дар ҷашни Истиқлол се рӯз истироҳат хоҳанд кард - тақвим
Тоҷикистониён дар ҷашни Истиқлол се рӯз истироҳат хоҳанд кард - тақвим
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 6 сентябри соли равон, ки шанбест, рӯзи корӣ эълон шудааст ва рӯзи душанбе 8 сентябр рӯзи истироҳати дониста мешавад, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон
2025-08-30T16:51+0500
2025-08-30T16:51+0500
2025-08-30T17:00+0500
дар тоҷикистон
сентябр
истиқлол
истироҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065853864_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e1d811ce7ca5fbdcdcb8a7b4a17142b1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи истиқлол дар моҳи сентябр сокинони Тоҷикистон таътили дарозтар хоҳанд дошт.Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, рӯзҳои 7,8,9 сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд."Тибқи қарори ҳукумат дар бораи тартиби гузаронидани рӯзи истироҳат, агар рӯзи корӣ дар байни рӯзи ид ва истироҳатӣ рост ояд, пас он рӯзи истироҳат хоҳад буд", - қайд карданд дар Федератсия.Дар ҳамин ҳол, тоҷикистониён бояд моҳи аввали тирамоҳро бо ҳафтаи шашрӯза оғоз кунанд, гуфт манбаъ.Дар кишвар расман рузҳои корӣ аз 1 то 6 сентябр давом мекунад. Маҳз гузаштани рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбе ба душанбе имкон медиҳад, ки сокинони кишвар се рӯз паиҳам истироҳат намоянд ва 34-умин солгарди истиқлолро таҷлил кунанд.Ҳамасола 9 сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар - Рӯзи истиқлолро бошукуҳ таҷлил мекунанд.Дар ин рӯз аз рӯи анъана раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо ва навоҳӣ бо паёмҳои идона суханронӣ мекунанд. Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффакиятҳое, ки кишвар дар солҳои истиқлолият ба даст овардааст, нақл мекунанд.
https://sputnik.tj/20250829/istiqloliyat-maskav-parchamhoi-tojikiston-oro-1070537835.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065853864_119:0:1256:853_1920x0_80_0_0_bb7b05fb4cde623bd23ece6d1380f8a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истироҳат, истиқлолият, рӯзҳои ид, тақвим
тоҷикистон, истироҳат, истиқлолият, рӯзҳои ид, тақвим
Тоҷикистониён дар ҷашни Истиқлол се рӯз истироҳат хоҳанд кард - тақвим
16:51 30.08.2025 (Навсозишуда: 17:00 30.08.2025) Рӯзи 6 сентябри соли равон, ки шанбест, рӯзи корӣ эълон шудааст ва рӯзи душанбе 8 сентябр рӯзи истироҳати дониста мешавад, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи истиқлол дар моҳи сентябр сокинони Тоҷикистон таътили дарозтар хоҳанд дошт.
Тавре ба
Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, рӯзҳои 7,8,9 сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд.
"Тибқи қарори ҳукумат дар бораи тартиби гузаронидани рӯзи истироҳат, агар рӯзи корӣ дар байни рӯзи ид ва истироҳатӣ рост ояд, пас он рӯзи истироҳат хоҳад буд", - қайд карданд дар Федератсия.
Дар ҳамин ҳол, тоҷикистониён бояд моҳи аввали тирамоҳро бо ҳафтаи шашрӯза оғоз кунанд, гуфт манбаъ.
Дар кишвар расман рузҳои корӣ аз 1 то 6 сентябр давом мекунад. Маҳз гузаштани рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбе ба душанбе имкон медиҳад, ки сокинони кишвар се рӯз паиҳам истироҳат намоянд ва 34-умин солгарди истиқлолро таҷлил кунанд.
Ҳамасола 9 сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар - Рӯзи истиқлолро бошукуҳ таҷлил мекунанд.
Дар ин рӯз аз рӯи анъана раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо ва навоҳӣ бо паёмҳои идона суханронӣ мекунанд. Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффакиятҳое, ки кишвар дар солҳои истиқлолият ба даст овардааст, нақл мекунанд.