Сокинони ноҳияи Мурғоб бо барқ таъмин мегарданд

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Обуна шудан
Мирзонабот зимни суҳбат бо сокинони ин деҳа, таъкид намудааст, ки ноҳияи Мурғоб дар зери таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти кишвар қарор дорад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сокинони яке аз деҳаҳои дурдасттарини кишвар воқеъ дар ноҳияи Мурғоб - Булункул бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ин бора, раиси ВМКБ зимни сафари кориаш ба деҳаи Булункули ноҳияи Мурғоб хабар дод.
Аз сафари раиси ВМКБ хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки Алишер Мирзонабот зимни суҳбат бо сокинони деҳа ин хабари хушро ба онҳо расонидааст.
"Баъди чанд руз сокинон бо нерӯи барқ низ таъмин мегарданд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва созандагиҳо самараи неки Истиқлоли давлатӣ мебошад", - гуфтааст раиси вилоят.
Мирзонабот ҳамзамон аз фаъолияти Неругоҳи офтобӣ, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби раисиҷумҳур ба таври маҷозӣ ба истифода дода шуд, дидан кардааст.
Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зарфи 30 сол кариб 5 баробар афзуд, вале мардум то ҳол ба вижа фасли сармо аз бебарқӣ танқисӣ мекашанд.
ЛЭП в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2025
Истеҳсоли қувваи барқ дар ВМКБ 5 баробар афзуд
Дар ин муддат дар ВМКБ 16 зеристгоҳи барқӣ ва беш аз ҳазор километр хатти интиқоли барқ сохта ба истифода дода шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ҳамчунин аз як қатор деҳаҳо боздид карда ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ шинос шудааст.
Лентаи хабарҳо
0