https://sputnik.tj/20250905/pizishkiyon-rahmon-istiqlol-muborakbod-1070909602.html
Пизишкиён Раҳмонро ба муносибати Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт
Пизишкиён Раҳмонро ба муносибати Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Эрон дар номаи табрикотиаш муносиботи бародаронаи миёни ду миллатро заинаи асосии рушди ҳамкориҳо хондааст
2025-09-05T17:24+0500
2025-09-05T17:24+0500
2025-09-05T18:00+0500
дар тоҷикистон
эрон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070759246_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_5e14a7765344aae23bb9cc9600843798.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён яке аз аввалинҳо шуда, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷикро ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт.Дар ин бора, Сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.Пизикиён муносибатҳои бародарона, фарҳангӣ ва таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистонро заминаи арзишманди ҳамкориҳои густурда дар бахшҳои мухталиф унвон кардааст.Пизишкиён ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу комёбӣ ва рушду нумӯи мардуми Тоҷикистонро таманно кардааст.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи сарони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон дидор карда буд.Кишвардорон қайд краданд, ки бояд насли ҷадиди ду кишвар аз гузаштаи шукуҳманди муштараки Эрону Тоҷикистон ёд дошта бошанд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор, бори дигари таҷовузи Низомии Исроилу Амрико ба Эронро ба шиддат маҳкум кард.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Эрон ҷойгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунии бисёр бузурге дорад.
https://sputnik.tj/20250901/pizishkiyon-hamkori-tehronu-dushanbe-gustarish-1070735676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070759246_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_3a51143765205869094ab7361e0d2a5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пизишкиён, раҳмон, рӯзи истиқлол
пизишкиён, раҳмон, рӯзи истиқлол
Пизишкиён Раҳмонро ба муносибати Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт
17:24 05.09.2025 (Навсозишуда: 18:00 05.09.2025) Президенти Эрон дар номаи табрикотиаш муносиботи бародаронаи миёни ду миллатро заинаи асосии рушди ҳамкориҳо хондааст
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён яке аз аввалинҳо шуда, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷикро ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт.
Дар ин бора, Сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Пизикиён муносибатҳои бародарона, фарҳангӣ ва таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистонро заминаи арзишманди ҳамкориҳои густурда дар бахшҳои мухталиф унвон кардааст.
"Итминон дорам, ки дар партави иродаи муштараки ду кишвар, равобити дӯстона дар масири рушду тавсеъаи афзоянда қарор гирифта, шоҳиди густариши равобити миёни онҳо дар баробари манофеъи ду кишвар хоҳем буд", - омадааст дар номаи шодбошии президенти Эрон.
Пизишкиён ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу комёбӣ ва рушду нумӯи мардуми Тоҷикистонро таманно кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи сарони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон дидор карда буд.
Кишвардорон қайд краданд, ки бояд насли ҷадиди ду кишвар аз гузаштаи шукуҳманди муштараки Эрону Тоҷикистон ёд дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор, бори дигари таҷовузи Низомии Исроилу Амрико ба Эронро ба шиддат маҳкум кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Эрон ҷойгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунии бисёр бузурге дорад.