Олимони тоҷик вазъияти радиатсионии Искандаркӯлро дақиқ мекунанд

© SputnikОзеро Искандеркуль в Таджикистане
Озеро Искандеркуль в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Обуна шудан
Дар асоси маълумоти дар ҷараёни экспедитсия бадастомада, харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Олимони ҷавони тоҷик вазъияти радиатсионии Искандаркӯлро меомӯзанд.
Ба ин мақсад, олимони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии мудир - Илҳом Мирсаидзода ба Искандаркӯл сафар карданд.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки мақсади экспедитсия мониторинг ва арзёбии вазъияти радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ то 8 сентябр идома меёбад.
Кормандони агентӣ вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл ва минтақаҳои атрофи онро бо истифода аз усулҳои пешрафта ва таҷҳизоти муосири илмӣ меомӯзанд.
"Аз минтақаҳои таҳқиқшаванда намунаҳои об ва хок барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо ҷамъоварӣ карда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Знак радиационной опасности на двери одного из помещений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2025
Таъсиси филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Бохтар
Дар асоси маълумоти дар ҷараёни экспедитсия бадастомада дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии агентӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия мегардад, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар".
Ин маълумот ҳамзамон дар Атласи ояндаи вазъи радиатсионии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0