https://sputnik.tj/20250430/agenti-amniyati-khimiyavi-biologi-radiatsioni-yadroi-bokhtar-1067177731.html
Таъсиси филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Бохтар
Таъсиси филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Бохтар
Sputnik Тоҷикистон
Академияи улуми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академия таъсис меёбад
2025-04-30T15:29+0500
2025-04-30T15:29+0500
2025-04-30T15:29+0500
хатлон
илм ва фанноварӣ
бохтар
маводи ядроӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046075575_0:104:3273:1945_1920x0_80_0_0_c73969c88feeaf56736fe1e97a5e7db4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад.Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони бино моҳи феврали соли равон оғоз мешавад.Бинои филиал аз озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.Сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ва таҷҳизоти дохили бино аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ маблағгузорӣ мешавад.Ҳамчунин баргузории машғулияти дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавӣ дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки қаблан ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20240516/barrasi-bunyod-nerugoh-khurd-hastai-markazi-tibbi-tojikiston-1062858355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046075575_272:0:3001:2047_1920x0_80_0_0_c12cddc5d268821aaebcfe19bb456eac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бохтар, иншоот, ядроӣ, академия илмҳо, илм, хатлон
тоҷикистон, бохтар, иншоот, ядроӣ, академия илмҳо, илм, хатлон
Таъсиси филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Бохтар
Академияи улуми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академия таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад.
Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони бино моҳи феврали соли равон оғоз мешавад.
Бинои филиал аз озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.
Сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ва таҷҳизоти дохили бино аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамчунин баргузории машғулияти дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ шуда буд.