https://sputnik.tj/20250831/belorus-tamrinot-saad-tojikiston-oghoz-1070690614.html
Дар Белорус тамриноти нерӯҳои СААД бо ширкати низомиёни Тоҷикистон оғоз шуд
Дар Белорус тамриноти нерӯҳои СААД бо ширкати низомиёни Тоҷикистон оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Белорус бо ширкати низомиён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СААД, тамриноти ҳарбӣ оғоз шуд 31.08.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-08-31T15:36+0500
2025-08-31T15:36+0500
2025-09-01T11:53+0500
саад
белорус
машқҳои низомӣ
оғози тамринот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064554548_0:207:2907:1842_1920x0_80_0_0_406c04d7a3ca2630597330cbe0ff6b8c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Белорус тамринҳои СААД “Ҳамкории мутақобила-2025”, “Ҷустуҷӯ-2025” ва “Эшелон-2025” оғоз шуданд, хабар медиҳад РИА Новости. Дар ин машқҳо контингентҳои нерӯҳои дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд. Дар тамринот беш аз 2000 низомӣ, 450 аслиҳа ва техника, аз ҷумла 9 ҳавопаймову чархбол ва беш аз 70 ҳавопаймои бесарнишин ҷалб шудаанд.Маросими ифтитоҳи он дар маҷмааи ёдгории "Ба озодкунандагони Витебск — сарбозон, ва ҷанговарони пинҳонӣ" ва дар майдони Ғалабаи ин шаҳр баргузор шудааст. Дар маросими оғози тамринот: Субҳи имрӯз ҳайати низомии кишварҳои узви СААД ва мақомоти кории ин созмон ба пояи муҷассамаи "Дастандозҳои ҳама наслҳо" гул гузоштанд. Дар маросими тантанавӣ собиқадорони нерӯҳои ҳавоии Белорус ва нерӯҳои амалиёти вижа, ҷангиёни бригадаи десантии 103-уми гвардияи ҷудогонаи Витебск, аъзоёни клуби ҳарбӣ-ватандустии "Гвардия" ширкат кардаанд.
https://sputnik.tj/20250821/tojikiston-tamrinho-spad-barguzor-1070263725.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064554548_89:0:2820:2048_1920x0_80_0_0_6e2cd8f904179d0959321f34facb505f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белорус, тамринот, нерӯҳои саад
белорус, тамринот, нерӯҳои саад
Дар Белорус тамриноти нерӯҳои СААД бо ширкати низомиёни Тоҷикистон оғоз шуд
15:36 31.08.2025 (Навсозишуда: 11:53 01.09.2025) Дар Белорус бо ширкати низомиён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СААД, тамриноти ҳарбӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Белорус тамринҳои СААД “Ҳамкории мутақобила-2025”, “Ҷустуҷӯ-2025” ва “Эшелон-2025” оғоз шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар ин машқҳо контингентҳои нерӯҳои дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд.
Дар тамринот беш аз 2000 низомӣ, 450 аслиҳа ва техника, аз ҷумла 9 ҳавопаймову чархбол ва беш аз 70 ҳавопаймои бесарнишин ҷалб шудаанд.
Маросими ифтитоҳи он дар маҷмааи ёдгории "Ба озодкунандагони Витебск — сарбозон, ва ҷанговарони пинҳонӣ" ва дар майдони Ғалабаи ин шаҳр баргузор шудааст.
Дар маросими оғози тамринот:
Сардори штаби генералй — муовини якуми вазири мудофиаи Белорус генерал-майор Павел Муравейко;
Сардори ситоди муштараки СААД Қаҳрамони Русия генерал-полковник Андрей Сердюков;
Раиси комиҷроияи вилояти Витебск Александр Субботин;
Раҳбари тамрини "Ҳамкории мутақобила-2025" - Фармондеҳи нерӯҳои амалиёти вижаи Қувваҳои Мусаллаҳи Белорус генерал-майор Вадим Денисенко,
Сардори машқҳои "Эшелон-2025" - муовини якуми сардори таъминоти моддию техникии артиши Белорус генерал-майор Александр Мосолов ширкат доштаанд.
Субҳи имрӯз ҳайати низомии кишварҳои узви СААД ва мақомоти кории ин созмон ба пояи муҷассамаи "Дастандозҳои ҳама наслҳо" гул гузоштанд.
Дар маросими тантанавӣ собиқадорони нерӯҳои ҳавоии Белорус ва нерӯҳои амалиёти вижа, ҷангиёни бригадаи десантии 103-уми гвардияи ҷудогонаи Витебск, аъзоёни клуби ҳарбӣ-ватандустии "Гвардия" ширкат кардаанд.