https://sputnik.tj/20250904/marg-du-javon-khujand-sokhtmon-1070875212.html
Марги ду ҷавон дар сохтмони Хуҷанд: Ҳангоми кор аз ошёнаи баланд сарозер шуданд
Марги ду ҷавон дар сохтмони Хуҷанд: Ҳангоми кор аз ошёнаи баланд сарозер шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонон ҳангоми ба рангу пардозкунии (фасад) бинои навсохтмон машғул буданд, аммо бо шикастани крани борбардор аз ошёнаи боло ба замин зада фавтидаанд
2025-09-04T17:23+0500
2025-09-04T17:23+0500
2025-09-04T17:49+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
марги нобаҳангом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842446_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_b94bb4a9d68a2f08fd4464556f69d810.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ду сохтмончӣ ҳангоми рангу бори девор аз ошёнаи баланд сарозер шуда, ҷон бохтанду ду тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардиданд.Ин ҳодисаи фоҷеабор чанд рӯз пеш дар маҳаллаи 18 - уми шаҳри Хуҷанд дар бинои навбунёди ширкати “Элитсохтмон” рух додааст ва онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифтаанд. Ин иттилоъро дар Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд. Расул Раҳимов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба дар умумри сохтмон гуфт, ки ҳодиса замоне рух додааст, ки чаҳор нафар ҷавонон ба рангуборкунии бинои сохтмонаш ҳанӯз нотамом машғул шудаанд.Ин бинои сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи 18 - уми Хуҷанд дар канори бинои истиқоматии рақами 11 воқеъ аст.Бар пояи иттилоъи манбеъ ҷавонони фавтида ҳамагӣ 18 – 23 сол дошта ҳар кадом сокинони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба маҳалли ҳодиса рафт ва маълум кард, ки баъди рухдоди ин ҳодиса, корҳои сохтмонӣ дар ин бино қатъ карда шудааст. Дар Кумитаи иттифоқи касаба мегӯянд, ин сеюмин ҳодисаи фавти сокинон дар ҷараёни кори сохтмонҳо дар шаҳри Хуҷанд давоми 8 моҳи соли ҷорӣ будааст.
https://sputnik.tj/20250726/marg-khorijiho-korkhonaho-tojikiston-1069439071.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842446_143:0:2812:2002_1920x0_80_0_0_cfa042100ff36f9407d1016e1180bb2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, марг, ҷавон, бинои баландошёна
хуҷанд, марг, ҷавон, бинои баландошёна
Марги ду ҷавон дар сохтмони Хуҷанд: Ҳангоми кор аз ошёнаи баланд сарозер шуданд
17:23 04.09.2025 (Навсозишуда: 17:49 04.09.2025) Эксклюзив
Чаҳор ҷавони сохтмончӣ ҳангоми рангу пардозкунии бинои навсохтмон, дар паи шикастани крани борбардор аз ошёнаи боло ба замин сарозер шуданд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ду сохтмончӣ ҳангоми рангу бори девор аз ошёнаи баланд сарозер шуда, ҷон бохтанду ду тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардиданд.
Ин ҳодисаи фоҷеабор чанд рӯз пеш дар маҳаллаи 18 - уми шаҳри Хуҷанд дар бинои навбунёди ширкати “Элитсохтмон” рух додааст ва онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифтаанд.
Ин иттилоъро дар Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон дар вилояти Суғд ба
Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
Расул Раҳимов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба дар умумри сохтмон гуфт, ки ҳодиса замоне рух додааст, ки чаҳор нафар ҷавонон ба рангуборкунии бинои сохтмонаш ҳанӯз нотамом машғул шудаанд.
"Чор нафар ҷавонон ба пардозкунии ошёнаҳои 5 - 6 машғул шудаанд, аммо дар вақти кор тележкаи борбардор ба вазни онҳо тоб наоварда шикастааст. Дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида ду тани дигар бо ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол дода шудаанд” – гуфт, манбаъ.
Ин бинои сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи 18 - уми Хуҷанд дар канори бинои истиқоматии рақами 11 воқеъ аст.
Бар пояи иттилоъи манбеъ ҷавонони фавтида ҳамагӣ 18 – 23 сол дошта ҳар кадом сокинони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба маҳалли ҳодиса рафт ва маълум кард, ки баъди рухдоди ин ҳодиса, корҳои сохтмонӣ дар ин бино қатъ карда шудааст.
Дар Кумитаи иттифоқи касаба мегӯянд, ин сеюмин ҳодисаи фавти сокинон дар ҷараёни кори сохтмонҳо дар шаҳри Хуҷанд давоми 8 моҳи соли ҷорӣ будааст.