https://sputnik.tj/20250903/vazorati-tandurusti-omilho-korrupsioni-soha-peshgiri-1070790046.html
Вазорати тандурустӣ гуфт чӣ гуна аз омилҳои коррупсионӣ дар соҳа пешгирӣ мекунад
Вазорати тандурустӣ гуфт чӣ гуна аз омилҳои коррупсионӣ дар соҳа пешгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳадафи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад
2025-09-03T10:48+0500
2025-09-03T10:48+0500
2025-09-03T10:48+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коррупсия
ғайринақдӣ
пардохти ғайринақдӣ
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_7a34e3ab46dfada9a268a6e5890dbf7c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон талош дорад ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдиро дар соҳаи тиб афзоиш диҳад.Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қайд кард, ки ҳадафи асосии татбиқи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар ҷумҳурӣ мебошад.Вай дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳангоми пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шаффофияти воридоти маблағҳо зиёд шуда, ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо мусоидат мекунад.Ҳамчунин ин иқдом ба осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои мусоидат хоҳад кард.Вазир қайд кард, ки Фармони Президент дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои иҷроиш ба муассисаҳои алоқаманди соҳа ирсол гардидааст.Ба иттилои вазорати тандурустӣ аҳолӣ айни ҳол 1942 адад воситаҳои пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 874 адад постерминалҳо ва 1068 адад QR-рамзҳо дар 478 муассисаҳо таъмин гардида, хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил гардида истодааст.Инчунин, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 136 адад постерминалҳо ва 726 адад QR-рамзҳо насб гардидааст.
https://sputnik.tj/20240110/general-sultonzoda-bartarafsozi-korrupsiya-1061211358.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_15:0:975:720_1920x0_80_0_0_b3ae8d85ab193188a9a44c7c0711ac15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорат, тандурурстӣ, коррупсия, пешгирӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
тоҷикистон, вазорат, тандурурстӣ, коррупсия, пешгирӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Вазорати тандурустӣ гуфт чӣ гуна аз омилҳои коррупсионӣ дар соҳа пешгирӣ мекунад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳадафи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон талош дорад ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдиро дар соҳаи тиб афзоиш диҳад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қайд кард, ки ҳадафи асосии татбиқи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар ҷумҳурӣ мебошад.
Вай дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳангоми пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шаффофияти воридоти маблағҳо зиёд шуда, ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ин иқдом ба осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои мусоидат хоҳад кард.
Вазир қайд кард, ки Фармони Президент дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои иҷроиш ба муассисаҳои алоқаманди соҳа ирсол гардидааст.
Ба иттилои вазорати тандурустӣ аҳолӣ айни ҳол 1942 адад воситаҳои пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 874 адад постерминалҳо ва 1068 адад QR-рамзҳо дар 478 муассисаҳо таъмин гардида, хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил гардида истодааст.
Инчунин, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 136 адад постерминалҳо ва 726 адад QR-рамзҳо насб гардидааст.