Генерал Султонзода роҳи бартарафсозии коррупсия дар Тоҷикистонро гуфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Сулаймон Султонзода
 Сулаймон Султонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2024
Обуна шудан
Расо 17 сол шуд, ки дар Тоҷикистон мақомоти махсусгардонидашудаи зидди фасод - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекунад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Муқовимат ба коррупсия бояд хусусият ва моҳияти дастҷамъӣ дошта бошад, зеро танҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паст намудани шиддати он басанда нест.
Ин нуктаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, генерал Сулаймон Султонзода бо нашри матлабе дар Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки 10 январ таҷлил мешавад, баён дошт.
Рустам Эмомалӣ, мэр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб хост, фаъолияти молиявии шаҳрдориро санҷад
Маҳз 10 январи соли 2007 бо фармони президенти Тоҷикистон мақомоти махсусгардонидашудаи зидди фасод - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.
Аммо Сулаймонзода мегӯяд, кори мақомот барои решакан кардани он басанда нест.

"То он даме, ки мафкураи ҷомеа тағйир дода нашавад, ҷомеа падидаҳои коррупсиониро чун зуҳуроти бадиву бадкирдорӣ қабул насозанд, ташаббусу иқдоми наҷиби давлат дар ин самт натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад", - гуфт генерал.

Ба гуфтаи Султонзода, коррупсия хатари ҷиддии худро нигаҳ дошта, ба тамоми соҳаҳои ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.
Вай барои мубориза бо фасод ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифода аз тамоми воситаву усулҳои муосирро мувофиқи мақсад хонд.
Лентаи хабарҳо
0