https://sputnik.tj/20250504/davomi-soli-okhir-piryakhi-tojikiston-ob-shudaand-1067218927.html
Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд
Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки дар Тоҷикистон камшавии обҳои чашмасорони кӯҳистон ва аз байн рафтани қуллаҳои баланди кӯҳҳои барфпӯш мушоҳида шудааст
2025-05-04T16:49+0500
2025-05-04T16:49+0500
2025-05-04T16:49+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
пирях
обшавии пиряхҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_581b9bad00525013cd4f9e4de19ce462.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон машғуланд, бар он ҳастанд, ки давоми даҳсолаи охир масоҳати пиряхҳо сол аз сол хурд шуда, зиёда аз 30 фоизи масоҳати худро гум намудаанд ва бештар аз 1 ҳазор пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд.Аз ҷумла пиряхҳои калони Тоҷикистон мамлакат, ба монандаи Зарафшон зиёда аз 2 км, Ванҷях 2,5 км ва Гармо 6,3 км таназул ёфтаанд. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад ва барои табиат хатару мушкилоти зиёд ба бор меорад.Ба гуфтаи Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шудаанд.Захираҳои обии пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км3 -ро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад.Дарёҳои Ому, Ванҷ, Панҷ, Зарафшон ва дигар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сатҳи оби ин дарёҳо хеле баланд мебароянд.Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз калонтарин пирях дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дарозтарин пиряхи берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Ванҷях аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол менамояд.Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмин намудани об дар минтақаи Осиёи Миёна нақши назаррас доранд ва дар баробари ин якчанд пиряхи бузурги дунё низ барои бо об таъмин намудани сайёраи замин нақши калидӣ доранд, ки гуфтани баъзеи онҳо ба маврид мебошад.Ба гуфтаи коршинос пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон ва нақши онҳо дар инкишофи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, барои таъмин намудани масъалаҳои обу намнокӣ ба ҳифзимуҳити зист ва бо об таъмин намудани минтақанақши назаррас доранд.
https://sputnik.tj/20250410/tojikiston-sabti-rasonaho-konfronsi-hifzi-piryakhho-1066920657.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_196:0:2803:1955_1920x0_80_0_0_472cce9f32ea80bfc131e70f95a72106.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пирях, обшавӣ, кӯҳистон, илм
тоҷикистон, пирях, обшавӣ, кӯҳистон, илм
Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки дар Тоҷикистон камшавии обҳои чашмасорони кӯҳистон ва аз байн рафтани қуллаҳои баланди кӯҳҳои барфпӯш мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон машғуланд, бар он ҳастанд, ки давоми даҳсолаи охир масоҳати пиряхҳо сол аз сол хурд шуда, зиёда аз 30 фоизи масоҳати худро гум намудаанд ва бештар аз 1 ҳазор пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд.
Аз ҷумла пиряхҳои калони Тоҷикистон мамлакат, ба монандаи Зарафшон зиёда аз 2 км, Ванҷях 2,5 км ва Гармо 6,3 км таназул ёфтаанд. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад ва барои табиат хатару мушкилоти зиёд ба бор меорад.
Ба гуфтаи Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шудаанд.
Захираҳои обии пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км3 -ро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад.
Дарёҳои Ому, Ванҷ, Панҷ, Зарафшон ва дигар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сатҳи оби ин дарёҳо хеле баланд мебароянд.
Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз калонтарин пирях дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дарозтарин пиряхи берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Ванҷях аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмин намудани об дар минтақаи Осиёи Миёна нақши назаррас доранд ва дар баробари ин якчанд пиряхи бузурги дунё низ барои бо об таъмин намудани сайёраи замин нақши калидӣ доранд, ки гуфтани баъзеи онҳо ба маврид мебошад.
Ба гуфтаи коршинос пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон ва нақши онҳо дар инкишофи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, барои таъмин намудани масъалаҳои обу намнокӣ ба ҳифзимуҳити зист ва бо об таъмин намудани минтақанақши назаррас доранд.