https://sputnik.tj/20250801/sodirot-kishvarhoi-iiao-eron-afzud-1069654929.html
Содирот кишварҳои ИИАО ба Эрон 18% афзуд
Содирот кишварҳои ИИАО ба Эрон 18% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Баъд имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви ИИАО ва Эрон ба сатҳи нави рушд баромад
2025-08-01T18:21+0500
2025-08-01T18:21+0500
2025-08-01T18:21+0500
эрон
ииао
авруосиё
иқтисод
равобит
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/75/1027707578_0:176:3016:1873_1920x0_80_0_0_16707c139b12b4ceaf479cdb114af1bd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Баррасии ҳамкориҳои ИИАО ва Эрон дар мулоқоти раиси ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо сафири Эрон дар Русия Қозим Ҷалолӣ баррасӣ шуд.Тарафҳо дар ин мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон дар чаҳорчӯби Созишномаи мукаммали тиҷорати озод, ки низоми бебоҷ барои 90%-и молҳоро пешбинӣ мекунад, табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки баъд аз имзои созишнома муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ИИАО ва Эрон ба сатҳи нави баромаданд.Вай илова кард, ки Комиссия ба таҳияи муфассали харитаи роҳ дар бораи татбиқи Созишномаи тиҷорати озод барои давраи аз соли 2025 то соли 2028 аҳамияти хоса медиҳад.Вай афзуд, ин санад дар ҷаласаи Кумитаи муштарак моҳи сентябри соли 2025 тасдиқ карда мешавад.Ин пешравиро дар ҳамаи соҳаҳои пешбинишуда таъмин мекунад.Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кишварҳои ИИАО ва Эрон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар як қатор соҳаҳо, ки дар он имконоти бузург доранд талош хоҳанд кард.Тарафҳо рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тавсеаи робитаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳо, ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ, коркарди нафт ва саноати нафту кимиёро аз ҷумлаи бахшҳои ояндадор арзёбӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250731/istehsol-mahsuloti-kishovarzi-iiao-1069632612.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/75/1027707578_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_e99bbb67c1fdacb03efb78fa84cdfcf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, иқтисод, эрон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит
содирот, иқтисод, эрон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит
Содирот кишварҳои ИИАО ба Эрон 18% афзуд
Баъд имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви ИИАО ва Эрон ба сатҳи нави рушд баромад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Баррасии ҳамкориҳои ИИАО ва Эрон дар мулоқоти раиси ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо сафири Эрон дар Русия Қозим Ҷалолӣ баррасӣ шуд.
Тарафҳо дар ин мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон дар чаҳорчӯби Созишномаи мукаммали тиҷорати озод, ки низоми бебоҷ барои 90%-и молҳоро пешбинӣ мекунад, табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки баъд аз имзои созишнома муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ИИАО ва Эрон ба сатҳи нави баромаданд.
"Мо дар гардиши тиҷоратии кишварҳои худ пешрафти назаррасро мушоҳида дорем. Дар соли гузашта табодули коло 14,6% афзуда, ба 5,9 млрд доллар ташкил медиҳад. Содирот аз кишварҳои ИИАО ба Эрон 18% афзоиш ёфтааст", - қайд кард Бакитҷон Сагинтаев.
Вай илова кард, ки Комиссия ба таҳияи муфассали харитаи роҳ дар бораи татбиқи Созишномаи тиҷорати озод барои давраи аз соли 2025 то соли 2028 аҳамияти хоса медиҳад.
Вай афзуд, ин санад дар ҷаласаи Кумитаи муштарак моҳи сентябри соли 2025 тасдиқ карда мешавад.
Ин пешравиро дар ҳамаи соҳаҳои пешбинишуда таъмин мекунад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кишварҳои ИИАО ва Эрон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар як қатор соҳаҳо, ки дар он имконоти бузург доранд талош хоҳанд кард.
Тарафҳо рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тавсеаи робитаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳо, ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ, коркарди нафт ва саноати нафту кимиёро аз ҷумлаи бахшҳои ояндадор арзёбӣ карданд.