https://sputnik.tj/20250701/imtihonot-dokhilshav-tojikiston-dovtalabon-ikhtisosho-tavajjuh-video-1068570925.html
Имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон: довталабон ба кадом ихтисосҳо таваҷҷуҳ доранд - видео
Имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон: довталабон ба кадом ихтисосҳо таваҷҷуҳ доранд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷуҳи довталабон чун ҳамешагӣ ба иқтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ инчунин филология, педагогика бештар аст, гуфт раҳбари ММТ
2025-07-01T16:34+0500
2025-07-01T16:34+0500
2025-07-01T16:34+0500
дар тоҷикистон
ммт
имтиҳоноти дохилшавӣ
донишгоҳ
довталабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/01/1068570427_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4ce43422df2b490a29d5fe727efb2c92.jpg.webp
Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.Ин даври имтиҳонҳо аз 1-ум то 9-уми июл давом мекунад, хабар додан аз ММТ.Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори ММТ зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳудуди 108 ҳазор нафар хатмкунандагон ва хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ сабт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зертобеяш барои қабули ҳуҷҷати довталабон дар 60 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо ташкил карда буд. Ӯ афзуд, ки марказҳои имтиҳонӣ бо тамоми шароитҳо барои довталабон омода карда шудаанд. Натиҷаи имтиҳонҳои довталабони даври асосӣ санаи 21-уми июл маълум мегардад, гуфт Ҷаъфарзода.ММТ теъдоди довталабони даври асосии имтиҳонҳои дохилшавиро эълон кардБа таъкиди раҳбари ММТ ба сегонаи гурӯҳи ихтисосҳое, ки аз ҳама бештар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд, тиб дар ҷои аввал, дар ҷои дуюм гурӯҳи ихтисосҳои ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ ва ҷои севвум филология, педагогика ва мебошанд. Ӯ ҳамчунин гуфт назар ба ҳамин давраи соли 2024 соли ҷорӣ шумораи довталабони аз қайд гузашта 20 ҳазор нафар зиёд мебошанд. “Ин аз нақшаи қабуле, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, зиёд мебошад ва интизор меравад, ки соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қабул нисбат ба соли гузашта беҳтару хубтар шавад” – мегӯяд Ҷаъфарзода.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/01/1068570427_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_58292387c990cd683aaa2463c4cb6c5f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ммт, имтиҳоноти дохилшавӣ, донишгоҳ, довталабон, видео
дар тоҷикистон, ммт, имтиҳоноти дохилшавӣ, донишгоҳ, довталабон, видео
Имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон: довталабон ба кадом ихтисосҳо таваҷҷуҳ доранд - видео
Таваҷҷуҳи довталабон чун ҳамешагӣ ба иқтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ инчунин филология, педагогика бештар аст, гуфт раҳбари ММТ
Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.
Ин даври имтиҳонҳо аз 1-ум то 9-уми июл давом мекунад, хабар додан аз ММТ.
Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори ММТ зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳудуди 108 ҳазор нафар хатмкунандагон ва хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ сабт шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зертобеяш барои қабули ҳуҷҷати довталабон дар 60 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо ташкил карда буд.
“Барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар даври аввал дар 21 шаҳру ноҳияҳои кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст, ки дар ин марказҳои имтиҳонӣ 1260 синфхона барои қабули довталабон омода мебошад” – иброз дошт Ҷаъфарзода.
Ӯ афзуд, ки марказҳои имтиҳонӣ бо тамоми шароитҳо барои довталабон омода карда шудаанд.
Натиҷаи имтиҳонҳои довталабони даври асосӣ санаи 21-уми июл маълум мегардад, гуфт Ҷаъфарзода.
Ба таъкиди раҳбари ММТ ба сегонаи гурӯҳи ихтисосҳое, ки аз ҳама бештар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд, тиб дар ҷои аввал, дар ҷои дуюм гурӯҳи ихтисосҳои ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ ва ҷои севвум филология, педагогика ва мебошанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт назар ба ҳамин давраи соли 2024 соли ҷорӣ шумораи довталабони аз қайд гузашта 20 ҳазор нафар зиёд мебошанд.
“Ин аз нақшаи қабуле, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, зиёд мебошад ва интизор меравад, ки соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қабул нисбат ба соли гузашта беҳтару хубтар шавад” – мегӯяд Ҷаъфарзода.