https://sputnik.tj/20250902/zabon-osorkhona-teatr-tavsiya-maqomot-muhojiron-rusiya-1070769507.html
Забон омӯзед ва ба осорхонаву театрҳо равед: Тавсияи мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Забон омӯзед ва ба осорхонаву театрҳо равед: Тавсияи мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони мақомотои Тоҷикистон маҳуоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Русия кору зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки вақти холии худро муфид истифода баранд
2025-09-02T14:26+0500
2025-09-02T14:26+0500
2025-09-02T23:58+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
муҳоҷират
новосибирск
мақомот
забономӯзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061231853_0:46:3072:1774_1920x0_80_0_0_ce5332f40a260c57cde25084910c3991.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ахиран дар масҷиди ҷомеи шаҳри Новосибирск, мутахассисони Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муоҷират бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дидору мулоқот карданд.Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст, дар вохурӣ қонунгузории Русия аз ҷумла фармони Владимир Путин, ки то 10-уми сентябри соли ҷорӣ имкон медиҳад, ҳар як шаҳрванд будубоши худро қонунӣ гардонад, баррасӣ шуд.Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин дидор ҳамчунин ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Русия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид.Дар ин дидор вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.Ҳамчунин намояндагони мақомот дар ин дидор ба шаҳрвандон тавсия доданд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд.“Ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо равед. Барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ равед”, - қайд кардаандл намояндагони мақомот.Намояндагони мақомот аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват карданд, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо намояндагонӣ расмӣ тамос гиранд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/43938
русия
новосибирск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061231853_29:0:2760:2048_1920x0_80_0_0_95e4c60abca5ebbb218037e3f5e91ea9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, забономӯзӣ, намояндагии мақомот, тавсия,
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, забономӯзӣ, намояндагии мақомот, тавсия,
Забон омӯзед ва ба осорхонаву театрҳо равед: Тавсияи мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
14:26 02.09.2025 (Навсозишуда: 23:58 02.09.2025) Намояндагони мақомотои Тоҷикистон маҳуоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Русия кору зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки вақти холии худро муфид истифода баранд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ахиран дар масҷиди ҷомеи шаҳри Новосибирск, мутахассисони Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муоҷират бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дидору мулоқот карданд.
Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст, дар вохурӣ қонунгузории Русия аз ҷумла фармони Владимир Путин, ки то 10-уми сентябри соли ҷорӣ имкон медиҳад, ҳар як шаҳрванд будубоши худро қонунӣ гардонад, баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин дидор ҳамчунин ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Русия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид.
Дар ин дидор вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин намояндагони мақомот дар ин дидор ба шаҳрвандон тавсия доданд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд.
“Ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо равед. Барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ равед”, - қайд кардаандл намояндагони мақомот.
Намояндагони мақомот аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват карданд, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо намояндагонӣ расмӣ тамос гиранд.