https://sputnik.tj/20250902/sodiroti-mashrubot-nushoki-istehsoli-tojikiston-rusiya-afzoish-1070745128.html
Содироти машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Содироти машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Бо мақсади дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ Агентии содирот бо шарикони хориҷӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст
2025-09-02T10:49+0500
2025-09-02T10:49+0500
2025-09-02T10:49+0500
дар тоҷикистон
содирот
машруботи спиртӣ
русия
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102300/90/1023009013_0:74:1000:637_1920x0_80_0_0_9a37736035454ab5170d8177b5223ff1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Агентии содироти Тоҷикистон ба сомонаи "Ҷумҳурият" хабар додааст, ки намунаи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, аз ҷумла машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои хориҷ, бахусус ба Русия, равон кардааст.Қайд карда шудааст, ки баъди хулосаи ниҳоӣ, содироти иловагии он ба роҳ монда мешавад.Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар ҳафт моҳи соли 2025 содироти нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайри спиртӣ, аз ҷумла обҳои маъданӣ ва газноккардашуда 20 286,9 тонна ва майҳои табиӣ аз ангур 0,8 тоннаро ташкил намудааст.Дар ин давра ба Русия обҳои маъданӣ ва газноккардашуда, дорои иловагиҳои шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 4,3 ҳазор доллар дар ҳаҷми 5,6 тонна ва обҳои табиӣ-маъданӣ, газнок, бе иловаи шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 1016,4 ҳазор доллар дар ҳаҷми 1097,7 тонна содирот гардидааст.Ба иттилои манбаъ,ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар мебошад.Ҳамзамон, Агентии содирот барои муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар хориҷи кишвар, пайваста дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти содироткунандагони ватанӣ, аз ҷумла обҳои ташнагишикан ва спиртиро таъмин намудаааст.Қайд карда шудааст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатҳои Тоҷикистон талош хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20241115/nigaronii-vkd-furushi-mashrubot-tamoku-nobolighon-1065124668.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102300/90/1023009013_76:0:925:637_1920x0_80_0_0_27a3da865790185c10128503473fc3b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, машрубот, нӯшокии спиртӣ, содирот, русия, афзоиш
тоҷикистон, машрубот, нӯшокии спиртӣ, содирот, русия, афзоиш
Содироти машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Бо мақсади дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ Агентии содирот бо шарикони хориҷӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Агентии содироти Тоҷикистон ба сомонаи "Ҷумҳурият" хабар додааст, ки намунаи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, аз ҷумла машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои хориҷ, бахусус ба Русия, равон кардааст.
Қайд карда шудааст, ки баъди хулосаи ниҳоӣ, содироти иловагии он ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар ҳафт моҳи соли 2025 содироти нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайри спиртӣ, аз ҷумла обҳои маъданӣ ва газноккардашуда 20 286,9 тонна ва майҳои табиӣ аз ангур 0,8 тоннаро ташкил намудааст.
Дар ин давра ба Русия обҳои маъданӣ ва газноккардашуда, дорои иловагиҳои шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 4,3 ҳазор доллар дар ҳаҷми 5,6 тонна ва обҳои табиӣ-маъданӣ, газнок, бе иловаи шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 1016,4 ҳазор доллар дар ҳаҷми 1097,7 тонна содирот гардидааст.
Ба иттилои манбаъ,ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар мебошад.
Ҳамзамон, Агентии содирот барои муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар хориҷи кишвар, пайваста дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти содироткунандагони ватанӣ, аз ҷумла обҳои ташнагишикан ва спиртиро таъмин намудаааст.
Қайд карда шудааст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатҳои Тоҷикистон талош хоҳанд кард.